ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" барои маблағгузории фаъолияти асосии худ бо сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Аз рӯзи таъсисёбӣ, ИМОН Интернешнл беш аз 365 миллион доллар маблағгузории хориҷӣ ва лоиҳавӣ ҷалб кардааст, ки 40 фоизи он бо асъори миллӣ рост меояд. Инчунин, дар тӯли фаъолияти худ, ширкат мехоҳад дар маблағгузории лоиҳаҳои махсуси иҷтимоӣ, аз қабили маблағгузории сабз, мутобиқшавӣ ва кам кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим, рушди ҷомеаи деҳот ва маблағгузории манзил фаъолона ширкат варзад.
Барои ҳалли ин вазифа маҷмӯи чорабиниҳо дар самти ҳамкорӣ бо сармоягузорон амалӣ карда мешаванд (Investor Relations).
Барои сармоягузорон презентатсияҳо мунтазам таҳия ва нав карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти ширкат ва лоиҳаҳои амалишуда вохӯриҳо гузаронида шуда, робита байни роҳбарият ва сармоягузорони асосӣ ва шарикон ташкил карда мешавад. Бо шарикон ва сармоягузорон алоқаи доимӣ нигоҳ дошта мешавад, то ба онҳо дар бораи тағиротҳои нав дар ширкат маълумот диҳанд.
Палка Андрей Ярославович - Раиси Раёсат
Суроғаи электронӣ: andriy.palka@imon.tj
Абдусамиев Исо - Роҳбари шӯъбаи сармоягузории беруна
Суроғаи электронӣ: iabdusamiev@imon.tj
Опубликовано: 11/24/2023
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?