Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!

6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил карда  мешавад. Ин ҷашн  яке аз санаҳои  мухим ва пурарзиш  дар хаёти кишвари  мо маҳсуб меёбад.
Конститутсия - ин  қонуни асосии давлат буда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон, инчунин ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, марҳалаи муҳим дар  рушди кишвар гардид.
Дар давоми ин солҳо Тоҷикистон роҳи тӯлониро тай намуда, дар соҳаҳои гуногун ба муваффақиятҳои назаррас  ноил гардид. Мо тавонотар, муттаҳидтар ва шукуфотар шудем. Ба шарофати Конститутсияи кишвар  мо озодии баён, озодии эътиқод, ҳуқуқ ба таҳсил ва ғайраро дорем.
Имрӯз мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, то аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ  ва он чиро ки  ба ҳар як шаҳрванди кишварамон медиҳад, ёдовар шавем. Мо бояд бо Конститутсияи худ ифтихор намуда, аз рӯи  принсипҳои он амал кунем, то ки ватанамон  минбаъд низ рӯ ба рушд ниҳода, обод гардад.
Кулли  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи Конститутсия муборакбод мегӯем! Ба ҳама сулҳу субот, шукуфоии Ватани азизамонро таманно дорем!

Хабарҳои дигар

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок