БАТР ҳаҷми маблағгузории бахши «сабз» ва корхонаҳои хурду миёнаро дар Тоҷикистон зиёд мекунад.

БАТР ҳаҷми маблағгузории бахши «сабз» ва корхонаҳои хурду миёнаро дар Тоҷикистон зиёд мекунад.

БАТР ҳаҷми маблағгузории бахши «сабз» ва корхонаҳои хурду миёнаро дар Тоҷикистон зиёд мекунад.

Ташкилоти пешсафи маблағгузории хурд ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар ҳаҷми 6 миллион доллари ИМА маблағҳои нав мегирад.

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ бузургтарин ташкилоти маблағгузории хурд дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба шарофати бастаи молиявӣ дар ҳаҷми то 6 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) барои ташкилоти пешбари маблағгузории хурди кишвар – «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»  сафарбар шудааст, ҳазорҳо корхонаҳои хурд ва микро дар саросари Тоҷикистон метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд ва технологияҳои «сабз»-ро ворид созанд.

Баста аз қарзи оғозёбӣ ба маблағи то 2 миллион доллари ИМА иборат хоҳад буд, ки ба ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ, ки тавассути шабакаи 27 филиал ба зиёда аз 130,000 муштарӣ хизмат мерасонад, имкон медиҳад, ки ба корхонаҳои хурди маҳаллӣ маблағгузории хеле заруриро пешниҳод кунад. Интизор меравад, ки барои ҳифзи қарзгирандагон аз хатарҳои асъорӣ қарзҳои зерсохторӣ бо сомонӣ дода хоҳанд шуд.

Қисми боқимондаи баста, то 4 миллион доллари ИМА дар доираи Механизми маблағгузории Иқтисоди Сабзи БАТР (GEFF) дода мешавад, ки ба тавсеаи дастрасӣ ба технологияҳои сабз барои хоҷагидорони маҳаллӣ ва тиҷорати хурди маҳаллӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Қарзи мазкур аз ҳисоби маблағгузории боимтиёз аз Фонди Иқлими Сабз (GCF) дар ҳаҷми 1 миллион доллари ИМА дастгирӣ мешавад.

GEFF, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби GCF ва Ҷумҳурии Корея дастгирӣ меёбад, инчунин маблағҳои Барномаи пурзӯр кардани рақобатпазирии агробизнес (ECTAP)-и Иттиҳоди Аврупоро истифода хоҳад бурд.

Барномаи GEFF як қисми равиши Бонк ба Гузариш ба Иқтисоди Сабз (GET) мебошад. Бо истифода аз равиши GET, БАТР ҳаҷми маблағгузории сабзро то соли 2025 ба беш аз 50 фоизи фаъолияти солонаи худ афзоиш медиҳад.

То имрӯз БАТР дар доираи 152 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 916 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. https://www.ebrd.com/what-we-do/get.html

 


Хабарҳои дигар

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок