Бо мусоидати БАТР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея, ТАҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар сафари омӯзишӣ дар шаҳри Сеул барои намояндагони бахши бонкии Тоҷикистон иштирок кард.
Ба ҳайати ин гурӯҳ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, шарикони БАТР дар бахши молия (бонкҳои «Арванд», «Эсхата», «Аввалин бонки молиявии хурд», инчунин ТАҚХ «Ҳумо») ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.
Сафари омӯзишӣ 19 феврал оғоз шуда, то 26 феврал идома кард. Барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки таҷрибаи гузариши иқтисоди Кореяро ба иқтисоди сабз, камкарбон ва устувор бо таваҷҷӯҳ ба бахши молиявӣ омӯзанд.
Барномаи сафар аз мулоқотҳо бо намояндагони доираҳои илмӣ ва академикӣ, Бонки марказӣ, бонкҳои пешрафтаи тиҷоратӣ ва низоми пардохтҳои миллии Корея иборат буд. Бо дарназардошти актуалии масъалаи мутобиқсозии иқтисоди Тоҷикистон ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, дар барномаи сафар ҳамчунин як модули алоҳида дар ин мавзӯъ ворид карда шуд.
Гузариш ба иқтисоди сабз яке аз самтҳои стратегии фаъолияти ТАҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба ҳисоб меравад.
Тибқи «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037», ки моҳи сентябри соли 2022 аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд, татбиқи он, аз ҷумла маблағгузории сабз дар марҳилаи аввал (2023-2025) сармоягузории беш аз 2 миллиард долларро тақозо мекунад, ки ин баробари 21,6 млрд. сомонӣ мебошад.
Соли 2022 ТАҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар доираи лоиҳаи GEFF ба иқтисоди сабз беш аз 19 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?