Зиёда аз 100 корхонаҳо лауреати ҷоизаи миллии ҳарсолаи "Беҳтарин андозсупорандаи сол" гардидаанд. Мувофиқи қарори Комиссияи давлатӣ ва фармони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 корхонаи мамлакати мо соҳиби мукофотҳо шуданд, ки дар байни онҳо ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" яке аз ташкилотҳои калонтарин ва пешбари ТҚХ мебошад. Ҳадафи асосии ин ҷоиза қайд намудани дастовардҳои ширкатҳо ва корхонаҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бомуваффақият фаъолият мекунанд, тарғиби ростқавлона, шаффоф ва босаводона бурдани тиҷорат ва ташаккули фарҳанги андозбандӣ ҳам барои шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шаҳрвандон мебошад. Ҷоизаи “Беҳтарин андозсупорандаи сол” аз рӯи 10 меъёр, ки ба қатори он андозҳои умумии пардохтшуда, саривақтии пардохтҳои андоз, афзоиши пардохтҳо нисбат ба соли гузашта ва ғайра шомиланд, дода мешавад. Дар тӯли соли 2013, ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ ҳамаи намуди андозҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ ва пардохтҳои ҳатмиро ба маблағи 28 миллион сомонӣ сари вақт ва пурра интиқол додааст.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?