ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар соли 2013 дар номинатсияи байни ташкилотҳои маблағгузории хурд “Беҳтарин бренди сол” дониста шуд. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оғози озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» -ро эълон кард, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади асосии озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо дар истифода ва таблиғи брендҳои худ буд.
Ҳамчун шарикони озмун Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO), Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон баромад карданд.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?