ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" бори дуюм аст, ки дар ҷоизаи ҷумҳуриявии "Бренди сол" дар бахши хизматрасонии молиявӣ эътибори баландтаринро ба даст меорад. Мо аз баланд қадрдонӣ шудани ташкилотамон басо хушҳол ҳастем. Гирифтани ин ҷоиза тасдиқи равшани мавқеи пешсафии ташкилот дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки бренди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» шинохта шуда, дар байни миллионҳо сокинони кишвар маъруф ва эътимоднок гардидааст.
Ташаббускор ва созмондиҳандаи чорабинӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо буд. Бори аввал озмун соли 2013 баргузор шуд, ки дар он «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» низ “Тилло” гирифт ва “Бренди соли 2013” гардид. Сол то сол бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши бузург мебозад ва чунин ҷоизаҳо нишони қадршиносӣ буда, ба ширкатҳо барои рушду шукуфоии минбаъда эътимоди бештар зоҳир мекунанд. Ҳадафи озмун ҳавасманд ва ташвиқ кардани ширкатҳо барои истифода ва тарғиби бренди худ мебошад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?