Қоидаи № 1. Парол ва рамзҳои худро ба касе нагӯед.
Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ рамзи корт, PIN-код, инчунин рамзҳои аз SMS фиристодаи бонкро пурсон намешаванд. Танҳо қаллобон ба рамзҳои махфӣ таваҷҷӯҳ доранд. Фиребгар омода аст, ки худро ҳар кас вонамуд кунад, то онҳоро ба даст орад: на танҳо корманди бонк, балки хешу табор, дӯст ва ҳатто шахси бегонае, ки ба мушкилӣ афтодааст.
Қоидаи № 2. SMS - огоҳиномаҳои кортиро фаъол кунед
Ин барои фавран гирифтани SMS аз бонк дар бораи ҳама амалиётҳо вобаста ба корт зарур аст. Масалан, дар бораи ҳама харидҳое, ки бо корт пардохта мешаванд. Ин паёмҳоро хеле бодиққат аз назар гузаронед. Агар дар бораи хариде, ки шумо анҷом надодаед, паём гиред, эҳтимоли зиёд қаллоб корти шуморо истифода кардааст.
Шумо бояд фавран ба бонк занг занед, дар бораи SMS-и шубҳанок хабар диҳед ва дархост кунед, ки корт баста шавад.
Қоидаи № 3. Истинодҳои шубҳанокро аз паёмҳо накушоед
Ҳеҷ гоҳ истинодҳои номаҳо ё SMS аз шахсони бегонаро пахш накунед. Ин метавонад барномаи зараровар бошад, ки маълумоти шахсиро медуздад.
Аммо ҳатто агар яке аз дӯстонатон истинодро фиристода бошад ҳам, барои кушодани он нашитобед. Қаллобон метавонанд ба аккаунти ягон каси дигар ворид шуда, аз номи шиноси шумо паём фиристанд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ дар бораи корти худ маълумоти махфӣ надиҳед, ҳатто ба касе, ки худро корманди бонк муаррифӣ мекунад. То он даме, ки вазъиятро нафаҳмед, ҳеҷ гоҳ пул интиқол надиҳед. Бо истифода аз рақами расмии телефони боварӣ ба бонк худатон занг зада, маълумотеро, ки ба шумо зарур аст, аниқ намоед. Аз ҳама муҳим- шитоб накунед.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?