Чӣ тавр худро аз муҳандисии иҷтимоӣ ва интернет қаллобӣ бояд муҳофизат кард?
Мизочони азиз!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки вақтҳои охир дар Интернет фаъолияти қаллобон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Фиребгарон бо истифода аз усулҳои гуногун, аз қабили: «барномаҳои ҳукуматӣ»-и бардурӯғ дар шабакаҳои телевизионӣ ва телеграмм, тақсими пул аз тарафи шахсони маъруф (блогерҳо, сармоягузорон), иқдомҳои вуҷуднадоштаи аз ҷониби ширкатҳои бузург гузаронидашуда, кор дар тикток ва роҳҳои дигари ба даст овардани пули осон, истифода намуда кӯшиш мекунанд, ки маълумоти махфии шуморо рабуда маблагҳои шуморо аз худ кунанд. Муҳандисии иҷтимоӣ ин як усули идора кардани одамон барои ба даст овардани маълумоти махфӣ ё иҷрои амалҳои муайян мебошад. Ин метавонад тавассути зангҳои қалбакӣ, почтаи электронӣ ё ҳатто вохӯриҳои рӯ ба рӯ рӯй диҳад.
Схемаҳои маъмули қаллобӣ:
- Фиребгарон аз беморони вазнин ва ниёзманд истифода мебаранд. Одамоне ҳастанд, ки бо истифода аз бемории наздиконашон пул кор карданӣ мешаванд ва ё қаллобон аксҳои шахсони маъюб ё бемории вазнини ношиносро паҳн карда, бо ин роҳ аз мардум пул ҷамъ мекунанд.
- Фиребгарон худро корманди ширкату бонкҳои маъруф вонамуд мекунанд. Онҳо СМС мефиристанд ва аз шумо хоҳиш мекунанд, ки рамзи СМС-ро номбар кунед ва ба ин васила ба ҳамёни мобилии шумо дастрасӣ пайдо мекунанд.
- Фиребгарон худро харидор аз сайти эълонҳои ройгон (масалан, сомон.тч) вонамуд мекунанд ва барои гирифтани пардохти мол тафсилоти кортро мепурсанд.
- Нақшаи дигаре, ки маъруфият пайдо мекуна - ин истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Фиребгарон ба овози оила ва дӯстони ҷабрдида тақлид мекунанд ва дар бораи садамаҳое хабар медиҳанд, ки ба кӯмаки таъҷилии молиявӣ ниёз доранд. Онҳо аксар вақт шитоб мекунанд ва барои фикр кардан вақт намедиҳанд ва ҷабрдидаро бовар мекунонанд, ки пул ба суратҳисоби муайян ё ҳамёни мобилӣ интиқол диҳад.
- Ва бисьёр дигар схемахои фиребгарй
Як қатор тавсияҳо барои муҳофизат аз муҳандисии иҷтимоӣ:
- Ҳангоми табодули маълумоти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт бошед - тафсилоти зиёдро дар бораи худ нақл накунед.
- Истинодҳо ё замимаҳои шубҳанокро дар почтаи электронӣ ё паёмҳо накушоед.
- Аз дархостҳои ғайричашмдошт барои пул ё маълумоти шахсӣ ҳушёр бошед.
- Пеш аз супоридани маълумот ҳаққонияти шахсро тафтиш кунед.
- Паролҳо, рамзҳои PIN ва дигар маълумоти махфиро тавассути телефон ё тавассути Интернет фош накунед.
- Ҳангоми муошират бо одамони ношинос дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёт бошед - маълумоти шахсии худро аз ҳад зиёд ошкор накунед.
- Паролҳои қавӣ, ки ёфтан душвор аст, истифода баред ва онҳоро мунтазам иваз кунед.
- Барномаҳои дастгоҳҳои худро навсозӣ кунед, то худро аз барномаҳои зараровар муҳофизат кунед.
- Ҳангоми дидани зангҳо ва паёмҳои воридотӣ ҳушёр бошед - қаллобон метавонанд худро намояндаи бонкҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра вонамуд кунанд.
- Худ ва наздикони худро дар бораи асосҳои бехатарии онлайн омӯзед, то эҳтимоли қурбонии қаллобон нагардед.
- Тавассути платформаҳои махсус барои тасдиқи ҳақиқӣ, эътимоднокӣ, набудани шикоятҳо ва маълумоти дигар, сайтҳои ширкатро барои қонунӣ будани онҳо тафтиш кунед.
- Огоҳии худро дар бораи масъалаҳои бехатарй ва муҳофизат аз хатарҳои муҳандисии иҷтимоӣ пайваста баланд бардоред.
- Барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздиконатон аз бисёр усулҳо ва қоидаҳои дигар истифода баред.
Ин чораҳои оддии бехатарии иттилоотй ба шумо кӯмак мекунанд, ки маблаг ва маълумоти шахсии худро аз қаллобон муҳофизат кунед. Дар хотир доред, ки бехатарии шумо барои мо чизи аз ҳама муҳим аст ва мо омодаем дар ҳама ҳолат ба шумо кӯмак расонем.