Рӯзи 16 май ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар ҷашнвораи касб (мартаба, маснад) иштирок кард, ки он бо мусоидати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин як воқеаи хотирмон буд, ки дар он мо тавонистем бо бисёре аз донишҷӯён ва хатмкунандагони боистеъдод ва соҳибзавқ вохӯрем.
Мо ширкати худро муаррифӣ намуда, дар бораи ҳадафу вазифаҳои худ нақл кардем, инчунин бисёр чорабиниҳои ҷолиб баргузор намудем, ки иштирокчиён тавонистанд оид ба дарёфти ҷои кор маслиҳату тавсияҳои муфид гирифта, бо ҷойҳои холии корӣ дар ташкилоти мо шинос шаванд.
Мо ба ҳамаи онҳое, ки гӯшаи моро диданд ва ба ширкати мо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, изҳори сипос мекунем. Мо умед дорем, ки шиносоии мо оғози ҳамкориҳои дарозмуддат хоҳад буд ва ба ҷавонон барои ноил шудан ба комёбиҳо дар фаъолияти касбии худ кӯмак хоҳад кард.
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ - Дӯсти молиявии шумо!
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?