Дастовардҳо

Рейтинги молиявӣ хулосаи мустақили коршиносиро дар бораи қобилияти миёнамӯҳлат ва қобилияти қарздиҳии таъминкунандаи  хизматрасони молиявӣ пешниҳод мекунад ва воситаи муассири идоракунӣ ва ҳисоботдиҳӣ мебошад. Он барои муқоисаи таҷриба ва натиҷаҳои фаъолияти ташкилот бо стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорон, таҳкими идоракунии институтсионалӣ ва қабули қарорҳо, инчунин  баланд бардоштани нуфузи  институтсионалӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият истифода мешавад.

Дар моҳи июни соли 2020, ширкати рейтингии байналмилалии "MicroFinanza Rating" пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият, сиёсат ва расмиёти дохилӣ, инчунин системаи ҳисоботдиҳӣ ва назорат, ба "ИМОН Интернешнл" рейтинги молиявии "BBB"-ро  дод. Ин рейтинг далели он аст, ки "ИМОН Интернешнл" дорои иқтидори хуб барои идоракунии хавфҳо, иқтидори кофӣ барои пӯшонидани зарар, диверсификатсияи хуб ва сифати портфели қарзӣ мебошад.

Натиҷаҳои таҳлил ва баҳогузорӣ, ки аз ҷониби  “MicroFinanza Rating”гузаронида шудааст, имкон медиҳанд, ки минбаъд низоми идоракунии хавфҳо, системаи назорат, самаранокии фаъолияти "ИМОН Интернешнл" -ро боз ҳам ба сатҳи баландтар бардорад ва бо ин сифати хизматрасониҳоро баланд ва дастрасии аҳолиро ба маблағгузорӣ беҳтар менамояд.

               

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок