Дастраси ба маблаггузории сабз – БРО (Лоиҳа ба итмом расид)

ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар соли 2015 ба татбиқи лоиҳаи бонки рушди Осиё (БРО) "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз" ба сифати шарик оғоз кард. Дар доираи ин лоиҳа БОНКИ Рушди Осиё ба ҳукумати Тоҷикистон грант дар ҳаҷми $10 миллион ҷудо кардааст, ки аз он $4,4 миллион ба "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" барои татбиқи лоиҳа ҷудо гардид, ки итмоми он соли 2018 дар назар аст. Маблағҳои лоиҳа пурра азхуд карда шуд. Дар айни замон қарзҳо аз ҳисоби пардохти қарзҳои мизоҷон дода мешавад. Аз ҳисоби ин маблағҳо ба бештари оилаҳои тоҷикон дастрасӣ ба нерӯи барқ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии манзил тавассути маблағгузории қарорҳои "интеллектуалии" энергетикаи сабз зиёд карда шуд.

Вазифаҳои лоиҳа наздик иҷро шудаанд. Имрӯз дар бисёр хонаҳои хоҷагидорӣ шумо метавонед лоақал 1 маҳсулоти энерэффективиро пайдо кунед, масалан: бом ва дарҳои энерэффектӣ, шишабастаҳо, шифт ва фаршҳо бо гармигузаронӣ, насосҳои муосири обкашӣ, обгармкунакҳои офтобӣ ва бисёр маҳсулоти дигар.

Дар доираи лоиҳаи мазкур Ташкилот ҳамроҳ бо Бонки Рушди Осиё якҷоя бо Вазорати молия ва Хабитат оид ба самаранокии энергетикӣ намоишгоҳҳои зиёд доир намуданд. Дар ин намоишгоҳ дигар ташкилотҳои хурди маблағгузорӣ низ ширкат варзидаанд: ташкилотҳои байналмиллалии Актед, GIZ, GERES, Habitat, корхонаҳои ҶДММ "Атико – Тоҷикистон", ширкати куриёгии КИТУРАМИ, "Саунд – Корея", ENERGY HI, ширкати русиягии HOMSOL, корхонаҳои маҳаллӣ: ҶДММ "Теплофон", Маркази манбаъҳои алтернативии энергия, ҶДММ "Инфраэкопроект", Корхонаи хусусии Юнусов С. И., ҶДММ "Созмон", ҶДММ "Ноқили Талко", КХ Газобетон, "Эко Технолоҷӣ", ГАЛАН: Ҷаҳони гармӣ. ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ бо ин ширкатҳо робитаро ба роҳ монд, ки барои мизоҷони потенсиалӣ интихоби маҳсулоти заруриро осонтар намуд.

 

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок