Дувумин рейтинги иҷтимоии А+ аз «MicroFinanza Rating»

Ширкати байналмилалии "MicroFinanza Rating", ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ – CGAP оид ба баҳодиҳии ташкилотҳои қарзии хурд ва бонкҳо соҳиби иҷозатнома шудааст, баҳодиҳии байналмилалии рейтингии иҷтимоии фаъолияти ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» -ро гузаронд ва баҳои A+ гузошт. Қаблан, ташкилот соли 2010 аз ин рейтинг гузашта буд. Боиси хушнудист, ки пас аз таҳлили дуюм аз ҷониби “MicroFinanza Rating” дар соли 2014, ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» тавонист ин мақоми баландро нигоҳ дорад. Рейтинги иҷтимоии "A +" баҳодиҳии беруна, боэътимод ва потенсиали институтсионалии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» барои амалӣ намудани рисолати иҷтимоии худ ва ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин рейтинг оид ба нишондиҳандаҳои иҷтимоии ташкилот хулосаи холисона дода, имконият медиҳад, ки ташкилоти молиявии мушаххас бо дигар ташкилотҳои маблағгузории хурд (ТМХ) дар минтақа ва ҷаҳон муқоиса карда шавад.

"ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" қобилияти хеле самараноки амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои худро дошта, вазифаҳои иҷтимоии ба зиммаашон гузошташударо барои ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоии худ пеш мебарад.

Дар ин самт, "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" як қатор лоиҳаҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ дорад: ҳимояи манфиатҳои мизоҷон, васеъ намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, расонидани хизматрасониҳои ғайримолиявӣ ба мизоҷон, беҳтар намудани шароити манзил барои сокинони деҳот, маблағгузории тиҷорати нав, маблағгузории имтиёзноки ҷавонони боистеъдод, корҳои хайриявӣ ва сарпарастӣ.

Арзёбии хавфҳо ва фаъолияти молиявии ташкилотҳои маблағгузории хурд дар шароити муосир хеле муҳим аст, аммо аксар вақт мутахассисон зарурати арзёбии аҳамияти иҷтимоии ташкилотҳои маблағгузории хурдро эътироф мекунанд. Рейтинги иҷтимоӣ дар баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии маблағгузории хурд ҳамчун воситаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, гузаронидани рейтинги иҷтимоӣ барои «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», ки рисолати он беҳтар намудани некӯаҳволии мардум тавассути дастрасӣ ба маблағгузорӣ мебошад, актуалӣ аст.

"ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар Тоҷикистон ягона ташкилоте боқӣ мондааст, ки чунин баҳои баландро оид ба рейтинги иҷтимоӣ гирифтааст, ки далели татбиқи самарабахши рисолати иҷтимоии худро дар амал тасдиқ мекунад.



МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок