ҶСП ТАКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» барои баланд бардоштани сифати хизматрасони ба мизоҷон , саривақт ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, хизматрасонии инноватсионии пардохтҳо пайваста кӯшиш менамояд, ки ин амалхо барои пешрафти фаъолияти харрузаи истеъмолкунандагон мусоидат менамояд.
Дар доираи татбиқи вазифаҳои стратегии рушди рақамӣ, ки ба ҷорӣ намудани вазифаҳои муосири технологӣ, хизматҳои инноватсионӣ равона карда шудааст, Ташкилот ба нақша гирифтааст, ки ба маркази нави протсессингӣ гузарад.
Ин ба дорандагони кортҳои ҶСП ТАКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои Ташкилот ба таври кулай истифода намуда, бехатари ва суръати амалиётхои худро баланд гардонанд. Хамчунин гузариш ба маркази протсессингии нав имконият медихад мушкилоти сершуморе, ки дар самти истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои кортӣ ба назар мерасид ба таври содда хал шуда бошанд.
Амалисозии нақшаи гузариш ба маркази нави протсессингӣ аз санаи 29.03.2021 то 31.03.2021 анҷом дода мешавад. То ин сана якчанд маҳдудиятҳо дар амалиётҳои кортӣ ба назар мерасанд, аз ҷумла:
• аз санаи 26.03.2021 – маҳдудият барои фармоиш додани кортҳо ҷорӣ карда мешавад;
• то 01.04.2021 - Шумо метавонед кортҳои қаблан фармоиш додаро аз филиалҳои бонк дастрас намоед;
• аз 29.03.2021 - амалиёти қабули маблағ ба корт тавассути терминалҳои пардохтӣ қатъ карда мешавад;
• аз 29.03.2021 - ҳама амалиётҳои бо кортҳои бонкӣ ва кортҳои дигар ташкилотҳои молиявӣ дар ҳама дастгоҳҳои бонкӣ (банкоматҳо) қатъ карда мешаванд;
• аз 29.03.2021 - қабули маблағ ба корти Интикол ва Имкон аз барномаи Сбербанк онлайн муваққатан боздошта мешавад;
• аз 28.03.2021 - амалиётҳо вобаста ба кортҳои пардохтии Интикол ва Имкон тавассути “Бонкдории мобили” қатъ карда мешаванд;
Аз санаи 04.04.2021 сар карда, амалиётҳо аз рӯи кортҳои пардохтӣ, инчунин қабули дархостҳо барои фармоиши кортҳои нав барқарор карда мешаванд.
Дастгирии иттилоотиро мизоҷон метавонанд тариқи телефони 1122 гиранд.
Ҳангоми барқарор кардани кор оид ба хизматрасонии кортхои бонки, Ташкилот иловатан мизочонро хабардор менамояд.
Барои нороҳатии муваққатӣ аз Шумо маъзарат мехоҳем.
Бо эҳтиром,
ҶСП ТАКХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
Маълумотнома: Маркази протсессингӣ маркази махсуси дастгирии технологияҳои иттилоотӣ оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкҳои низомҳои байналмилалӣ мебошад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?