Иштирокчии фахрии конфронси 25-уми солонаи MFC гардидем!

Иштирокчии фахрии конфронси 25-уми солонаи MFC гардидем!

Санаҳои  24-25 май дар шаҳри Будваи Черногория 25 умин конфронси солонаи ҷашнии  MFC баргузор мешавад, ки дар он мо ният дорем бо сармоягузорони эҳтимолӣ шинос шуда,  ҳамкориро  баррасӣ кунем ва бо сармоягузорони амалкунандаи  ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ вохӯриро ба нақша гирем👏
Дар барномаи конфронс инчунин нақши сармоягузории иҷтимоӣ ва сармоя дар мусоидат ба рушди  ширкатҳо ва ҷамоатҳо баррасӣ хоҳад шуд.
MFC - шабакаи сармоягузории иҷтимоиест, ки адолат, фарогирӣ, баробарӣ ва хизматрасонии масъулро тарғиб мекунад ва беш аз 100 ташкилотро  дар 36 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ муттаҳид месозад.
Дар тӯли даҳсолаҳои охир конфронси MFC ба як майдончаи динамикӣ барои барқарор кардан ва ба роҳ мондани  робитаҳо байни иштирокчиён ва муассисаҳои онҳо табдил ёфтааст.
Дар конфронс  иштирок доранд:
🔹 Зиёда аз 40 кишвар;
🔹 Зиёда аз 500 мутахассис;
🔹 Зиёда аз 40 сармоягузор, IT- провайдерҳо ва шарикони технологӣ;
Қобили зикр аст, ки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ узви доимии MFC буда, дар кори конфронс аз ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ раиси Раёсат Палка Андрей Ярославович иштирок мекунад.

Хабарҳои дигар

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок