ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» моҳи апрели соли 2015 шарики лоиҳаи KFW – “Барномаи маблағгузории манзил” гардид, ки мақсади он пешниҳоди қарзҳои манзилӣ ба сокинони деҳот маҳсуб меёбад. Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҷудо кардани грант ба Вазорати Рушди Иқтисодиёт ва Савдои ҶТ (МЭРТ) дар ҳаҷми 7 млн евро созишнома бастанд, ки аз он 1 750 000 евро ба «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ҷудо гардидааст. Дар навбати худ Ташкилот маблағи мазкурро барои пешниҳоди қарзҳои манзилӣ ба хоҷагидорон бо сатҳи даромаднокии паст ва миёна барои беҳтар гардонидани шароити зист дар минтақаи хоҷагии қишлоқ равона кард.
«ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» давоми 9 соли тадбиқи лоиҳа дар соҳаи маблағгузории манзилӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Тибқи шартҳои лоиҳа, хоҳишмандон метавонанд барои беҳтарсозии шароити зисти худ қарз гиранд. Талаботҳо чунин аст: истиқомат дар минтақаи хоҷагии қишлоқ, доштани даромаднокии сатҳи паст ва ё миёна. Мизоҷон метавонанд аз ҳисоби дарозмуддати қарз маблағи калон ба даст оранд. Инчунин, хизматрасониҳои техникии муҳандисон ба мизоҷон ройгон пешниҳод карда мешаванд, ки сметаи хароҷот ва нақшаи сохтмонро таҳия мекунанд.
"Манзил"
Барои хариди хона
• Андозаи қарз аз 10,000 то 200,000 сомонӣ;
• Мӯҳлати қарз аз 60 то 120 моҳ
• Меъёри фоизӣ 25% солона
"Баҳористон" - KFW
Мусоидат барои беҳтар намудани шароити зиндагии қисми фаъоли аҳолӣ тавассути пешниҳод намудани захираҳои молиявӣ.
• Андозаи қарз: бо сомонӣ аз 10000 то 60.000;
• Мӯҳлати қарз аз 36 то 120 моҳ
• Меъёри фоизӣ 26% солона
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?