Маҳсулоти амонатии мӯҳлатноки "Пурсамар-ҷамъшаванда" имкони ба даст овардани даромади баланд тавассути капитализатсияи моҳонаи фоизи ҳисобшудаи пасандоз мебошад. Имконияти пур кардани пасандозҳо ва қисман гирифтани маблағ аз суратҳисоб. Шарти ситонидани андоз аз даромад аз маблағи фоизҳои ҳисобшудаи шахсони воқеи (12%) ҳисобида мешавад.
Асъори амонат:
Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ
Мӯҳлати амонат:
Аз 3 то 24 моҳ
Меъёри фоиз:
Сомонӣ | Доллари ИМА | Рубли русӣ | |
аз 3 то 6 моҳ | 10% | 1% | 3% |
аз >6 то 9 моҳ | 12% | 2% | 5% |
аз >9 то 12 моҳ | 12% | 3% | 7% |
аз >12 то 24 моҳ | 16,5% | 6,1% | 10% |
Маблағи ҳадди ақали пардохт:
На камтар аз 500 сомонӣ
На камтар аз 100 доллари ИМА
На камтар аз 3000 рубли русӣ
Тартиби пардохти фоизҳо
Дар охири мӯҳлати амонат
Шартҳои махсус:
- мавҷудияти имконияти капитализатсияи фоизҳои ҳисобшуда;
- тамдиди автоматикии шартномаи пасандоз барои мизоҷони шахсони воқеӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани суръатҳисоб:
• Ариза барои кушодани суратҳисоби амонатӣ
• Шиноснома бо қайди ҷои зист
• РМА
Мизони фоиз ҳангоми пеш аз мӯҳлат гирифтани амонат:
Агар маблағи пасандози мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор то фарорасии ½ ҳиссаи мӯҳлати пасандоз талаб карда шавад, Ташкилот фоизҳои онро аз санаи ворид гардидани маблағ бо меъёри 1% солона аз нав ҳисоб намуда, маблағи пасандозро, бармегардонад. Агар маблағи пасандози мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор пас аз гузаштани ½ хиссаи мӯҳлати пасандоз талаб карда шавад, Ташкилот фоизҳои онро бо меъёри фоизи барои навъи пасандози мазкур мукарраршуда, ба мӯҳлати дар асл дар ташкилот мавҷуд будани маблағҳои пасандоз ҳисоб намуда, маблағи пасандозро, бармегардонад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?