Маҳсулоти амонатии "Муроду мақсад - даромади устовор" ин имконияти ҷамъ кардани маблағ бо роҳи пур кардани суратҳисоби амонатӣ то ба охир расидани шартнома ва гирифтани даромади устувор мебошад. Афзалияти пешниҳод дар он аст, ки ҳатто ҳангоми барвақт қатъ кардани шартнома, шумо метавонед аз фоизҳо даромади калон ба даст оред. Имконияти пур кардани пасандозҳо ва қисман гирифтани маблағро доред. Шарти ситонидани андоз аз даромад аз маблаги фоизхои хисобшудаи шахсони вокеи (12%) ҳисобида мешавад.
Асъори амонат:
Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ
Мӯҳлати амонат:
Аз 3 то 24 моҳ
Меъёри фоиз:
Сомонӣ | Доллари ИМА | Рубли русӣ | |
аз 3 то 6 моҳ | 10% | 1% | 3% |
аз >6 то 9 моҳ | 12% | 2% | 5% |
аз >9 то 12 моҳ | 12% | 3% | 7% |
аз >12 то 24 моҳ | 16,5% | 6,1% | 10% |
Маблағи ҳадди ақали пардохт:
На камтар аз 100 сомонӣ
На камтар аз 100 доллари ИМА
На камтар аз 1000 рубли русӣ
Маблағи даромади иловагӣ аз пасандоз:
Пур кардани амонати мазкурро метавон бидуни маҳдудият, вале на зиёдтар аз 2 маротиба аз андозаи аввалияи пасандоз дар як моҳ анҷом дод
Тартиби пардохти фоизҳо
Дар охири мӯҳлати амонат
Шартҳои махсус:
Худкорона дароз кардани мӯҳлати амонат
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани суръатҳисоб:
• Ариза барои кушодани суратҳисоби амонатӣ
• Шиноснома бо қайди ҷои зист
• РМА
Мизони фоизи пеш аз мӯҳлат гирифтани амонат
Агар маблағи пасандози мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор то фарорасии ½ ҳиссаи мӯҳлати пасандоз талаб карда шавад, Ташкилот фоизҳои онро аз санаи ворид гардидани маблағ бо меъёри 1% солона бо аз нав ҳисоб намуда, маблағи пасандозро, бармегардонад. Агар маблағи пасандози мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор пас аз гузаштани ½ хиссаи мӯҳлати пасандоз талаб карда шавад, Ташкилот фоизҳои онро бо меъёри фоизи барои навъи пасандози мазкур мукарраршуда, ба мӯҳлати дар асл дар ташкилот мавҷуд будани маблағҳои пасандоз ҳисоб намуда, маблағи пасандозро, бармегардонад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?