Мусоҳибаи хурд бо ғолибони даври якуми аксияи “ИМОН Сколаршип”.

Мусоҳибаи хурд бо ғолибони даври якуми аксияи “ИМОН Сколаршип”.

Соли 2020, ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аксияеро бо номи “ИМОН Сколаршип”  роҳандозӣ намуд. Дар аксия тавонистанд донишҷӯёни ҳама донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд. Иштирокчиён бояд саволномаро пур карда, ба он дафтарчаи баҳоро замима мекарданд. Дархостро барои иштирок қабул карданд:  идораҳои хизматрасонии ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ; ба таври онлайн, яъне тавассути чатботи таҳияшуда дар Viber ва дар сомонаи расмӣ. Пас аз он ки иштирокчиён дархости худро гузоштанд, ба онҳо SMS-огоҳинома бо рақами ID фиристода шуд.

Мехоҳем қайд кунем, ки шарти ҳатмӣ барои ҳар як иштирокчӣ нишондиҳандаҳои хуби таълимӣ дар семестри гузашта буд. Аз ҳамаи баҳоҳо, 80% бояд аъло ё "А" ва 20% боқимонда хуб ё "В" –ро ташкил диҳанд.

Ғолибони марҳилаи якуми аксияи “ИМОН Сколаршип”  тавассути замимаи махсус ба таври тасодуфӣ муайян карда шуданд. Санаи гузаронидани пахши онлайнии бурди тӯҳфаҳо  дар саҳифаҳои Facebook, Instagram- 8 октябр.

Имрӯз дар доираи бахши, "Таърихи муваффақият", мо чанд мусоҳибаҳои хурдро бо қаҳрамонони асосӣ - ғолибони марҳилаи якуми аксия манзури шумо мегардонем.

Ёрмаҳмадзода Меҳрангез, Донишгоҳи молиявӣ-иқтисодии Тоҷикистон.

Лутфан ба мо бигӯед, ки шумо чӣ тавр дар бораи аксияи “ИМОН Сколаршип” фаҳмидед?

- Ман дар бораи аксия дар донишгоҳ аз ҳамсабақам фаҳмидам. Ин барои ман ҷолиб буд ва ман хоҳиш кардам, ки ба сафҳаи расмии “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” дар Instagram истинод диҳанд, то маълумоти муфассалро дар бораи аксия пайдо кунам.

Шумо дархостро барои  иштирок чӣ гуна пешниҳод кардед?

- Ман бо стенограммаи баҳоҳоям ба идораи шумо, ки дар наздикии донишгоҳи ман воқеъ аст, рафтам. Аллакай дар он ҷо, барои пур кардан, онҳо ба ман саволномаи иштирокчиро доданд ва нусхаи шиносномаи маро гирифтанд.

Вақте фаҳмидед, ки шумо соҳиби шаҳодатномаи пулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ шудед, худро чӣ гуна ҳис кардед?

- Албатта, ман хурсанд шудам, - гуфт бо табассум қаҳрамони мо - Ман хеле хурсанд шудам, зеро ман инро дар пахши онлайнии бурди тӯҳфаҳо  дар Фейсбук фаҳмидам.

Ба назари шумо, интихоби ғолибон шаффоф гузашт?

- Бале, ҳама чиз шаффоф буд. Ман ва дӯстонам пахши онлайнии аксияро то охир тамошо кардем. Барои ин ҳама шартҳо аз ҷониби  ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ пешбинӣ шудааст.

Оё стипендияи ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба шумо барои расидан ба ҳадафҳоятон  кӯмак кард?

- Албатта кӯмак кард. Бо стипендияе, ки ман бурд кардам, ба худ китобҳои заруриро барои таҳсил харидам. Пули боқимондаро барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф кардам.

Амонов Амиршо, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.

Лутфан бигӯед, ки шумо чӣ тавр дар бораи аксияи “ИМОН Сколаршип” фаҳмидед?

- Ман дар бораи аксияи  шумо аз ҷавонони донишгоҳ фаҳмидам. Пас аз он ман ба сафҳаи Facebook-и шумо даромада, маълумоти муфассалро хондам. Ва ман ба худ гуфтам, ки бояд кӯшиш кунам ва бахти худро санҷам. Ман ҳама ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, ба идораи шумо, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, рафтам. Фикр кардам, ки хуб мешавад агар бурд кунам.

Вақте фаҳмидед, ки шумо соҳиби шаҳодатномаи пулӣ дар ҳаҷми  1000 сомонӣ шудед, худро чӣ гуна ҳис кардед?

- Хушҳолӣ, ман хушҳолиро ҳис кардам. Ман аз дарки он хушнуд гардидам, ки маҳз ман  мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомониро соҳиб шудам. Бачаҳо зиёд буданд ва ҳар кадоми онҳо имкониятҳои баробар доштанд. Аммо, бо вуҷуди ин, бахт ба сӯи ман хандид.

Ба назари шумо, интихоби ғолибон шаффоф гузашт?

- Бале, бешубҳа. Дар ин бора чизе гуфтан ҳам лозим нест!

Оё стипендияи ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба шумо барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯмак кард?

-       Барои чӣ не. Ман ин пулро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардам, ки то ин дам ба таъхир гузошта  будам. - хоксорона посух дод Амиршо.

Қӯзиева Мӯниса, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар Душанбе.

Лутфан бигӯед, ки чӣ гуна дар бораи аксияи “ИМОН Сколаршип” фаҳмидед?

- Шояд, мисли бисёр иштирокчиён, аз дӯстони худ, дар мавриди ман - ҳамсинфонам, зеро онҳо худашон барои иштирок дархост гузоштанд.

Шумо дархостро барои  иштирок чӣ гуна пешниҳод кардед?

- Ман ҳам зуд дар донишгоҳ стенограммаи баҳоҳоямро гирифта, ба идораи шумо, ки дар микрорайони 82 ҷойгир аст, рафтам. Саволномаро пур кардам, ба ман гуфтанд, ки рӯзи душанбе SMS бо рақами ID хоҳад омад.

Вақте фаҳмидед, ки шумо соҳиби шаҳодатномаи пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ шудед, худро чӣ гуна ҳис кардед?

- Шок! Чӣ, чӣ, ман, ман ғолиб шудам?! Пас аз дарк кардани ҳамаи ин, ман мисли  юҳу ура!!. Зеро хуб мефаҳмидам, ки имконияти ғолиб шудан он қадар зиёд нест. Иштирокчиён зиёд буда, ҳар кадоми онҳо сазовори пирӯз шудан буданд.

Ба назари шумо, интихоби ғолибон шаффоф гузашт?

- Шахсан ман худам пахши онлайни бурди тӯҳфаҳоро аз оғоз то ба охир дар Instagram тамошо кардам. Ва ман дилпурона гуфта метавонам, ки ҳама чиз шаффоф буд. Комиссияи ҷамъшуда аз ҷониби ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ эътимоди маро зиёд кард. Аз рӯи мушоҳидаи худам гуфта метавонам, ки онҳо тамоми равандро бодиққат  пайгирӣ мекарданд.

Оё стипендияи ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ  ба шумо барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯмак кард?

- Бале, новобаста аз он ки ин чӣ гуна  садо медиҳад. Ман бо як ҳисси қаноатмандӣ  ва ғурури комил ин маблағро ба волидонам додам, то дар буҷаи оилавӣ  барои иҷрои минбаъдаи он саҳм гузорам.


ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ҳамеша ҷавонони Тоҷикистонро дастгирӣ мекард ва хоҳад кард. Ва албатта, мо бо ин натиҷа қаноатманд намешавем. Мо мехоҳем ба ҳамаи ширкаткунандагон ва ғолибоне, ки вақти худро дареғ надошта, ба ҳама саволҳои мо посух гуфтанд, ташаккур гӯем. Дар пеш фикрҳо ва ғояҳо зиёд ҳастанд, ки бояд амалӣ карда шаванд. Навигариҳои моро дар саҳифаҳои расмии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар сомонаи www.imon.tj пайгирӣ кунед

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ - дӯсти молиявии Шумо!


Хабарҳои дигар

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок