Ба ҳар нафари хоҳишманд имкони пур кардани кортҳои бонкии системаҳои пардохтҳои байналмилалии MasterCard, VISA, MIR, UnionPay, American Express ва Diners Club International, системаҳои миллии пардохтҳои ELCART, UZCARD, ПРИДНЕСТРОВЕ, КОРТИ МИЛЛӢ, инчунин корти "Радуга"- и Агропромбонкро (Приднестрове) (аз они худ ё шахси сеюм) бо рубл, доллари ИМА ва евро дар нуқтаҳои системаи CONTACT, бо нишон додани танҳо рақами корт, бе тафсилоти суратҳисоб, номи пурраи соҳиби он ва дигар маълумоти иловагӣ (ба ғайр аз MasterCard-и Руссия ва амалиётҳои тарнмарзӣ ба ҳамаи кортҳои бонкӣ, ному насаби соҳиби корт ба таври иловагӣ талаб карда мешавад) пешниҳод карда мешавад.
Барои пур кардани корт ба шумо лозим аст:
Ба нуқтаи барои шумо қулайи CONTACT биёед.
Ба хазинадор-амалиётгар хабар диҳед, ки мехоҳед тавассути системаи CONTACT барои пур кардани корти бонкӣ маблағҳоро интиқол диҳед.
Шиносномаи худро пешниҳод кунед (барои интиқол ба маблағи аз 15000 рубл боло).
Ба амалиётгар рақами корти қабулкунанда *** ва ному насаби дорандаи кортро хабар диҳед (барои MasterCard-и Русия).
Маблағи интиқол ва комиссияро пардохт кунед ва барои пардохти хизматрасонӣ квитансия гиред.
Маркази хизматрасонии мизоҷони CONTACT: +7 (495) 981-4255, 8-800-200-42-42 (занг дар дохили Русия ройгон аст).
* Диққат! Муқаррар кардани маҳдудиятҳои дигар аз ҷониби низоми пардохтҳои байналмилалӣ ва инчунин низоми CONTACT имконпазир аст. Шартҳои иҷрои амалиётро дар нуқтаҳои хизматрасонӣ муайян кунед.
** Оператори низоми пардохти CONTACT барои рақами корти нодуруст пешниҳодшуда ҷавобгар нест. Маблағе, ки ба рақами нодурусти корт ворид шудааст, баргардонида намешавад. Агар шумо ягон савол дошта бошед, лутфан ба маркази тамоси системаи CONTACT муроҷиат кунед.
*** Танҳо барои кортҳо бо асъори рубли приднестрови, бо асъори зерин интиқол додан мумкин аст: рубл, доллари ИМА, евро бо конверсияи минбаъда.
**** Бонк ҳуқуқи қисман қабул кардан бо асъори хориҷиро тибқи мувофиқа бо дорандаи корт бо воситаҳои дастрас нигоҳ медорад.
1 Интиқолҳо ба кортҳои American Express ва Diners Club International дастрас мебошанд, ки аз ҷониби ҶСК «Банк Русский Стандарт» бароварда шудаанд.
2 Хизматрасонӣ ба резидент- гирандагон дахл дорад.
3 Интиқолҳо ба кортҳои аз ҷониби Бонки Миллии фаъолияти иқтисодиёти хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баровардашуда, дастрасанд.
Пардохти хизматрасониҳои системаҳои пардохӣ
Бо ёрии системаи CONTACT, истифодабарандагони (соҳибони) суратҳисобҳо (ҳамёнҳои электронӣ) метавонанд суратҳисоби худро (ҳамёнро) дар системаҳои пардохтӣ пур кунанд, аз идентификатсия гузаранд, суратҳисобро пардохт кунанд ва аз онҳо пули нақд гиранд.
Тарофаҳо барои пур кардани ҳамёни QIWI
(аз Тоҷикистон ба Русия)
камтар аз 600,000 рубл 1%
камтар аз $ 20,000 2%
камтар аз 20,000 Eвро 1%
Пардохт барои хидматҳои операторони мобилӣ
Бо ёрии системаи CONTACT, шумо метавонед хизматрасониҳои операторони мобилиро пардохт кунед (ҳисоб / тавозуни худро пур кунед) бо қабули фаврии маблағ ба суратҳисоб.
Амалҳои шумо:
Ба нуқтаи дилхоҳи пардохти CONTACT оед.
Ба оператон номи пурраи худ ва рақами (10 аломат) телефони мобилии шабакаи оператори мобилиро гӯед, ки шумо муштарии он ба ҳисоб меравед.
Пардохт кунед ва барои пардохт квитансия гиред.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?