РЕЙТИНГИ ИҶТИМОӢ АЗ «MicroFinanza Rating»

Ширкати рейтингии байналмилалии "MicroFinanza Rating", ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ – CGAP оид ба баҳодиҳии ташкилотҳои қарзии хурд ва бонкҳо соҳиби иҷозатнома шудааст, моҳи майи соли 2019 баҳодиҳии байналмилалии рейтингии иҷтимоии фаъолияти ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» -ро гузаронд ва баҳои sA гузошт. Қаблан, ташкилот соли 2016 аз ин рейтинг гузашта буд ва чунин рейтингро ба даст овард. Боиси хушнудист, ки пас аз таҳлили навбатии “MicroFinanza Rating” ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» тавонист ин мақоми баландро нигоҳ дорад. Рейтинги иҷтимоии "sА" баҳодиҳии беруна, боэътимод ва мустақили потенсиали институтсионалии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» барои татбиқи амалии рисолати иҷтимоии худ ва расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар доираи рейтинги иҷтимоӣ, ҷанбаҳо ва самтҳои зерини фаъолияти ташкилот таҳлил карда шуданд: рисолати иҷтимоӣ, стратегияи иҷтимоӣ, тавозун байни фаъолиятҳои молиявӣ ва иҷтимоӣ, мониторинги иҷтимоӣ, пешгирии аз ҳад зиёд қарздории муштариён, шаффофият, нархгузории масъул, махфияти маълумот дар бораи мизоҷон, масъулияти иҷтимоӣ дар назди кормандон ва ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ, сифат ва чандирии хизматрасониҳои пешниҳодшуда.

Дар доираи рисолати иҷтимоии худ, «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» як қатор лоиҳаҳои дорои хусусияти иҷтимоиро амалӣ менамояд: ҳимояи манфиатҳои муштариён, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои ғайримолиявӣ ба мизоҷон, беҳтар намудани шароити манзил барои сокинони деҳот, маблағгузории тиҷорати нав, маблағгузории имтиёзноки ҷавонони боистеъдод, фаъолияти хайриявӣ ва сарпарастӣ. 

                  

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок