Рушди замон GEFF
GEFF Тоҷикистон ба бахши хусусӣ кумаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ бо мақсади рушди устувори кишвар пешниҳод менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд буда, бо Хазинаи Иқлими Сабз, Ҷумҳурии Корея ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ мекунад. Ин лоиҳа тавассути Шарикони Молиявӣ ҳамкорӣ карда, 25 миллион доллар барои сармоягузорӣ ба сарфаи энергия ва истифодаи самаранокии захираҳои дигар ҷудо карда шудааст, ки гузариши кишварро ба иқтисоди сабз дастгирӣ мекунад. GEFF Тоҷикистон ба соҳибкорон, деҳқонон ва хонаводаҳо дар кам кардани хароҷоти энергия ва дигар захираҳо инчунин барои баланд бардоштани рақобат тавассути истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои баландсифат кӯмак мерасонад.
Дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, GEFF Тоҷикистон грантҳо ба деҳқонон ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мекунанд, барои сармоягузорӣ ба таҷҳизотҳо ва технологияҳои муосир ва муассир пешниҳод менамояд. Гурӯҳи мутахассисони GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузорй ва татбиқи лоиҳа хизматрасониҳои техникӣ пешниҳод менамояд. Ин барои муайян кардани роҳи ҳалли беҳтарин ва таъмин кардани асоснокии техникии лоиҳа барои маблағгузорӣ дар доираи лоиҳаи GEFF кӯмак мерасонад.
Категорияҳои зерини қарзгирандагон метавонанд ба GEFF муроҷиат кунанд:
Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ
·Корхонаҳои микро, хурд ва миёна, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ кор мекунанд ва дар занҷирҳои арзиши иловашудаи кишоварзӣ фаъолият доранд, ба монанди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи хӯрока ва нӯшокиҳо, банду баст, нигоҳдорӣ ва интиқол, соҳибкорӣ/манзилӣ, хонаводаҳо ва ассотсиатсияҳои манзилӣ, корхонаҳои микро, хурд ва миёна, таъминкунандагони хизмат, фурӯшандагон ё истеҳсолкунандагони таҷҳизотҳои мувофиқ технологияҳои маблағгузоришаванда:
Ба воситаи GEFF ду категорияи васеи сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:
· Лоиҳаҳои сармоягузории комплексие, ки мусбӣ арзёбӣ гардидаанд, ба сарфашавии энергия, захираҳо ва об ба андозаи на кам аз 20% намуда, инчунин самараи хуби экологӣ низ медиҳанд.
Намунаҳои технологияҳои қобили қабул, ки меъёрҳои асосии мувофиқатро дарбар мегирад аммо маҳдуд намекунад:
Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ
· Боғҳои интенсивӣ (бо обёрии катрагӣ)
· Қубурҳои обёрӣ (диаметри қубурҳо на камтар аз 50 мм)
· Насосҳо барои об (индекси самаранокии насос на камтар аз 0,1);
· Гармхонаҳо (шиша, полиэтилен >100 мкм)
·Тракторҳо/комбайнҳо (сарфи нисбии сӯзишворӣ ҳангоми моменти зиёдтарини даврзананда то 233,57 г /кВт·соат)
· Системаҳои обёрии қатрагӣ;
· Таҷҳизотҳои самараноки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (баҳодиҳӣ ҳатмист – сарфаи энергия ё об на камтар аз 20%)
· Сардхонаҳо (ғафсии изолятсия на камтар аз 100 мм, самаранокии таҷҳизоти чиллер на камтар аз 1,7)
· Ҷамъоварӣ ва захираи оби борон (ҳаҷми обанбор на камтар аз 20 м3)
Соҳибкорӣ I Манзилӣ
· Техникаи каммасрафи маишӣ (класси А+ ё баландтар)
· Обгармкунакҳо (класси C ё баландтар)
· Дегҳо бо биомасса (самаранокии на камтар аз 81%)
· Лампаҳои каммасраф LED (самаранокии на камтар аз 66,9 лм/В)
· Изолятсия – гарминигоҳдорӣ (ғафсӣ на камтар аз 50мм)
· Панелҳои офтобӣ (самаранокии на камтар аз 14%)
· Обгармкунакҳои офтобӣ (самаранокии на камтар аз 75%)
· Ивази таҷҳизоти кӯҳна бо нав (бо назардошти баҳодиҳӣ – сарфаи барқ ё об на камтар аз 20%)
· Ҷамъоварӣ ва захираи оби борон (васлкунанда)
Сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз барои иқтисодиёт манфиатовар буда, барои муҳити зист муфид аст, аз ҷумла партоби газҳои гармхонаиро кам мекунанд, сарфаи энергия, об ва дигар захираҳоро таъмин менамояд.
Манфиатҳои GEFF барои бенефисиарҳои бахши хусусӣ:
Ø Коҳиш додани истифодаи энергия, об, дигар захираҳо ва хароҷоти ба он вобаста
Ø Мақсулнокии бехтар ва эътимоднокии таҷҳизот
Ø Баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва рақобатпазирӣ
Ø Беҳтар шудани шароити зисти хонаводаҳо ва боло шудани арзиши моликият.
Ø Аризаи худро ба почтаи электронии admin@imon.tj ирсол намоед, то ки мутахассиси мо бо шумо тамос гирад;
Ø Ба рақамҳои (+992) 92 771 11 22 ё 11 22 занг занед, мутахассисони мо барои пур кардани ариза ва инчунин интихоби технология ва таҳвилкунандагон ба шумо кӯмак мерасонанд;
Ø Барои пешниҳоди ариза ба филиали наздиктарини мо ташриф оваред.
Ҳаҷми қарз: аз 1 000 то 500 000 сомони
Меъёри фоиз: 27%
Шартҳои қарз: аз 12 моҳ то 60 моҳ
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?