Амонату пасандозҳо ба таври автоматикӣ суғурта карда мешаванд ва аз ҷониби пасандоздор шартномаи суғуртаро талаб намекунад. Объекти суғурта амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва хориҷӣ мебошад, ки бо шартномаҳои пасандози бонкӣ ва (ё) суратҳисобҳои бонкии кортҳои музди меҳнат ва пардохтҳои нафақавӣ ва (ё) дафтарчаҳои амонатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ ҷубронпулӣ аз рӯи амонату пасандозҳои зерин пардохт карда намешавад:
Ҳолати суғуртавӣ – барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ тибқи қарори суд бе асосҳои муфлисшавӣ ё бо асосҳои муфлисшавӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории Хазина оид ба ҷуброни пули суғурта ба пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда мегардад.
Ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ, мутобиқи Қонун, андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо чунин мебошад:
Пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд.Фоизи пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешавад. Агар тибқи шартномаи пасандозӣ сармоякунонии фоизи пасандоз пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯи маблағи бақияи пасандоз пардохт карда мешавад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?