Ширкати рейтингии байналмилалии "MicroFinanza Rating", ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ – CGAP оид ба баҳодиҳии ташкилотҳои қарзии хурд ва бонкҳо соҳиби иҷозатнома шудааст, баҳодиҳии байналмилалии рейтингии иҷтимоии фаъолияти ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» -ро гузаронд ва дар моҳи январи соли 2022 баҳои sA- гузошт. Қаблан, ташкилот соли 2019 аз ин рейтинг гузашта буд ва рейтинги sA ба даст овард. Боиси хушнудист, ки пас аз таҳлили навбатии “MicroFinanza Rating” ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» тавонист ин мақоми баландро нигоҳ дорад. Рейтинги иҷтимоии "sА-" баҳодиҳии беруна, боэътимод ва мустақили потенсиали институтсионалии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» барои татбиқи амалии рисолати иҷтимоии худ ва расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар доираи рейтинги иҷтимоӣ, ҷанбаҳо ва самтҳои зерини фаъолияти ташкилот таҳлил карда шуданд: рисолати иҷтимоӣ, стратегияи иҷтимоӣ, тавозун байни фаъолиятҳои молиявӣ ва иҷтимоӣ, мониторинги иҷтимоӣ, пешгирии аз ҳад зиёд қарздории муштариён, шаффофият, нархгузории масъул, махфияти маълумот дар бораи мизоҷон, масъулияти иҷтимоӣ дар назди кормандон ва ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, дастрасӣ, сифат ва чандирии хизматрасониҳои пешниҳодшуда.
Дар доираи рисолати иҷтимоии худ, «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» як қатор лоиҳаҳои дорои хусусияти иҷтимоиро амалӣ менамояд: ҳимояи манфиатҳои муштариён, васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои ғайримолиявӣ ба мизоҷон, беҳтар намудани шароити манзил барои сокинони деҳот, маблағгузории тиҷорати нав, маблағгузории имтиёзноки ҷавонони боистеъдод, фаъолияти хайриявӣ ва сарпарастӣ.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?