"Манфиатҳои мизоҷони ташкилотҳои маблағгузории хурд дар ҷои аввал меистанд" - чунин аст шиори ширкати байналмилалии “SMART Campaign”, ки ҳафтаи гузашта ба роҳбарияти ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» шаҳодатномаи мутобиқат ба принсипҳои ҳимояи мизоҷонро тақдим кард, ки меъёрҳои баланди хизматрасониро барои ҳар як гирандаи хизматрасонии молиявӣ муаррифӣ мекунанд. Сертификати мутобиқат аз ҷониби ширкати рейтингии байналмилалии “MicroFinanza Rating” дар асоси таҳлили муфассали ҳуҷҷатҳои нормативии дохилӣ ва фаъолияти ташкилот, ҳамчунин фарҳанги корпоративӣ гузаронида шуд. Воқеан, имрӯз, ба даст овардани шаҳодатномаи сифат аз SMART Campaign тренди асосии ташкилотҳои маблағгузории хурд мебошад ва онҳо барои ба даст овардани ин ҳуҷҷат дар тамоми ҷаҳон мубориза мебаранд.
Шаҳодатнома аз SMART Campaign расман ба «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» мақоми ширкатеро, ки дар фаъолияти худ 7 принсипи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муштариён, 30 стандарт ва 95 нишондиҳандаро пурра риоя ва дар амал татбиқ мекунад, таъмин намуд. Ин маънои онро дорад, ки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба истилоҳ "маблағгузории оқилона" -ро таъмин мекунад, ки шаффофияти мутлақи нархгузориҳо ва шартҳоро барои пешниҳоди ҳама маҳсулоти молиявӣ дар бар мегирад; бо мизоҷон чунон кор мекунад, то ки онҳо маблағи бештар пардохт накунанд назар ба оне ки бармегардонанд ва маҳсулоти молиявиеро, ки ба онҳо ниёз надоранд, харидорӣ накунанд. Ғайр аз ин, ин истилоҳ дар худ муносибати эҳтиромонаро бо мизоҷон ҳангоми ситонидани қарз ва риояи меъёрҳои ахлоқи баландро дар муносибат бо мизоҷон, фароҳам овардани механизми ҳалли шикоятҳои онҳо, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ нигаронида шудаанд, ифода мекунад. Ва, албатта, "маблағгузории оқилона" махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи маълумоти мизоҷонро кафолат медиҳад.
Ҳоло ҳамаи ин принсипҳо дар фаъолияти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо як санади расмӣ сабт шудаанд. Гузашта аз ин, чун қоида, тибқи принсипҳое, ки SMART Campaign ҷонибдорӣ мекунад, на танҳо муштариён ва тиҷорати онҳо, балки тамоми соҳаро низ муҳофизат мекунад.
"Гирифтани шаҳодатнома аз “SMART Campaign” ин натиҷаи заҳмат ва садоқати ташкилот ва тамоми кормандон, саҳмдорон ва сармоягузорони он ба рисолати асосии «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»: саҳм гузоштан дар рушди иқтисодии Тоҷикистон, мусоидат ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ тавассути дастрасии мӯътадил ба маблағ барои қисми иқтисодии фаъоли аҳолӣ мебошад", - зикр мекунад Директори генералӣ Г.М. Маҳкамова.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?