Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба мувофиқа расиданд, ки ба таҳкими соҳаи кишоварзӣ ва рақобатпазирии занҷири арзиши иловашудаи озуқаворӣ аз ҳисоби пешниҳоди сармояи гардиш, инчунин баланд бардоштани дастрасӣ ба маблағгузории дарозмуддат бо асъори тоҷикӣ Сомонӣ барои техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти махсус мусоидат мекунанд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба маблағи то 2 миллион евро бо пули миллӣ қарз ҷудо мекунад. Мақсади қарз маблағгузории зерқарзгирандагони мувофиқ бо мақсади таъмини рушди устувори қарздиҳии кишоварзӣ мебошад, ки ба маблағгузории истеҳсолкунандагон, коркардчиён, таъминкунандагони корхонаҳои хурду миёна, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъоланд, нигаронида шудааст.
Созишномаи қарзӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар асоси Созишнома оид ба пешниҳоди маблағгузорӣ аз 18 сентябри соли 2019 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва KfW - Бонки рушди Олмон, ки аз номи Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон амал мекунад, баста шудааст.
Созишномаи мазкур кӯмаки молиявиро барои рушди занҷираҳои арзиши иловашудаи кишоварзӣ бо пули миллӣ тавассути маблағгузории муассисаҳои молиявӣ дар доираи Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашудаи кишоварзӣ пешбинӣ менамояд.
Мақсади Барнома вусъатдиҳӣ дар асоси аз ҷиҳати иқтисодӣ қобили қабули бахши хизматрасониҳои молиявӣ мебошад, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар саноати кишоварзӣ пешниҳод карда мешавад.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?