Тартиби узвият ба Хазина

Тартиби узвияти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина

Мутобиқи моддаи 12 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ҳар як ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби амонату пасандозҳо дорад, узви Хазина мебошад.

Ташкилотҳои қарзӣ барои гирифтани Тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

1. Мактуби расмии ташкилоти қарзӣ ба номи Раиси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳо оиди қабул намудани он ба узвияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳо;

2. Нусхаи иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди ҷалби пасандозҳо;

3. Ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ дар санаи аъзошавӣ ба Хазина;

4. Пардохти ҳаққи узвият ба андозаи 0,5 фоизи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ ба суратҳисоби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон:

Суратҳисоб дар БМТ : 22802972200046

РМА 010018157

БИК 350101101

Хазина дар давоми се рӯзи кории баъди пардохти ҳаққи узвият ташкилоти қарзиро дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи амонату пасандозҳо дохил намуда, ба он Тасдиқномаи узвиятро медиҳад.

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок