ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар соли 2015 лоиҳаи 2-юми худро дар якҷоягӣ бо Бонки Рушди Осиё - "ТАШАККУЛИ УСТУВОРӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДАР ҲАВЗАИ ДАРЁИ ПАНҶ" оғоз намуд, ки дар доираи он "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" нақши шарикӣ дошта, тавонист ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, хусусан занон барои беҳтар кардани соҳаи кишоварзӣ ва диверсификатсияи манбаъҳои даромад қарзҳо пешниҳод кунад. Ба ғайр аз ин лоиҳа ба баланд бардоштани муқовимат ба тағйироти иқлим ва ҷомеаҳо дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона карда шудааст.
Дар доираи ин лоиҳа БРО ба Ташкилот $700 ҳазор барои татбиқ ҷудо кард. Анҷоми лоиҳа дар соли 2018 дар назар аст. Маблағҳои лоиҳа пурра азхуд шудааст.
Маблағи додашуда ба беҳтар намудани инфрасохтор, хоҷагиҳои ҳифзшуда аз обхезӣ ва хурӯҷи сел, ки сокинон ҳамасола бо он рӯ ба рӯ мешаванд, дар ҳавзаи дарёи Панҷ зиндагӣ мекунанд ва ба деҳқонон зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонанд, равона карда шудааст. Ҳамагӣ беҳтар намудани инфрасохтор дар 59 қишлоқҳо ва дар 19 ҷамоатҳо дар назар аст.
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?