Ташаккули устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзи баҳри Арал ( Муваққатан боз дошта шудааст)

ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ба татбиқи "Барномаи мутобиқшавӣ ва коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзи баҳри Арал” – CAMP4ASB оғоз намуд.

 

 

Дар моҳи январи соли 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалӣ Рушд созишнома оид ба маблағгузории марҳилаи якуми барномаи "Мутобиқшавӣ ва паст гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзи баҳри Арал"-ро ба имзо расониданд. Дар доираи маблағгузории тасдиқгардидаи ин барномаи минтақавӣ барои Тоҷикистон $9 млн. доллари ИМА ҷудо карда шудааст.

Дар моҳи ноябри соли 2017 маросими имзои шартнома байни ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ва Муассисаи Давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳо "Дастрасӣ ба молияи сабз ва маблағгузорӣ бо мақсади рушди мавзеи деҳот" дар назди Вазорати молия дар доираи лоиҳаи "Барномаи мутобиқшавӣ ва коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзи баҳри Арал " баргузор гардид. Мақсади лоиҳа истифодаи бартариҳои ҳамкории минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилот, дар робита ба тағйирёбии иқлим мебошад.

 

 

Ин барнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оилаҳои аз минтақаҳои бартарияти Тоҷикистон кӯмаки пулӣ пешниҳод мекунад. Дар ҳамаи минтақаҳои кишвар маблағгузории самтҳои қарзӣ Барномаи CAMP4ASB амалӣ хоҳад шуд.

 

 

Тавре ки дар назар аст, ин иқдом асосан ба беҳтар намудани сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об дар фермаҳои чорвопарварӣ, барқарорсозии заминҳои обёришаванда равона гардидааст. Ғайр аз ин, самтҳои асосии барнома мусоидат ба субот ва устувории экосистема ва манбаҳои ҳаёт, заминазхудкунӣ бо назардошти ҳифзи хок, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии таъминоти барқ, инчунин тақсими сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия хоҳад буд.

Ҳавзаи баҳри Арал:

• Андозаи қарз: аз 15,000 то 500,000 сомонӣ

• Мӯҳлати қарз: аз 2 то 60 моҳ

• Меъёри фоизӣ барои занон: 25% солона

• Меъёри фоизӣ барои мардон: 26% солона

 

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок