Ташкилоти суғуртавии "БИМА"

ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» яке аз муассисаҳои молиявии пешбари Тоҷикистон буда, ба таъмини амнияти молиявии мизоҷони худ аҳамияти зарурӣ медиҳад. Дар натиҷа, чанд сол инҷониб  ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо  ширкати инноватсионии суғуртаи Тоҷикистон - Ширкати суғуртавии “БИМА”- пешсаф дар байни пардохтҳои суғуртавӣ, дар рейтинги суғуртаи такрорӣ ҷои аввалро ишғол мекунад, ки ин бешубҳа аз эътимоди мизоҷон шаҳодат медиҳад, ҳамкорӣ дорад. 
Барои бароҳатии мизоҷони худ Ширкати суғуртавии “БИМА” формати нави суғуртаномаҳо-маҳсулоти суғуртаи қуттигиро  дар бозор ба роҳ монд, ки барои сарфаи вақт ҳангоми харид ва фаъолсозӣ пешбинӣ шуда, дорои барномаи содда ва фаҳмои пардохт мебошанд. Суғуртаномаҳои  қуттигии дастрас маблағи ҷолиби суғуртавӣ доранд ва аз ин рӯ дар байни истифодабарандагон  зуд эътимод пайдо карданд.

ТЕЛОХРАНИТЕЛЬ

Афтидам. Ба ҳуш омадам. Гипс? Чанд маротиба дар ҳаёти мо чунин мушкилиҳо моро ҳамроҳӣ мекунанд — шикастҳо, осебҳо, захмҳо, ки боиси маъюбӣ ё ҳатто марг мешаванд. Аммо вақте ки шумо ӯҳдадориҳои қарзӣ доред, аммо шумо бояд дар хона бимонед ва саломатии худро барқарор кунед, чӣ кор мекунед? Мо муддати дароз фикр мекардем, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ кӯмак карда метавонад. Ин полиси суғурта аст — Телохранитель! Ин полис худро ҳамчун ёрдамчии боваринок дар ҳолатҳои ғайричашмдошт нишон додааст. Садамаҳо, сӯхтанҳо, шикастҳо ва захмҳо аз мо вобаста нестанд ва мо худро танҳо аз ҷиҳати молиявӣ муҳофизат карда метавонем.

Хавфҳои суғуртавӣ:

  • Ҷароҳатҳои ҷисмонӣ
  • Маъюбӣ
  • Аз ҳаёт маҳрум шудан

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

  • Дар натиҷаи ҲНР пардохти суғуртавӣ ба ҳаҷми 50% зиёд мегардад!

ТАВАҶҶУҲ! Пардохти суғуртавӣ танҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш амалӣ карда мешавад. 

Арзиши суғурта – 150 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 22 500 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

 СУПЕРСЕМЕЙКА

Шумо оилаи калон ва фаъол доред? Оё шумо нисбати бехатарии он муносибати масъулиятшиносона мекунед? Шумо боварӣ доред, ки шумо тамоми аъзои оилаи худро 24 соат муҳофизат карда метавонед? Ин мушкил аст, ҳамин тавр не?
«Суперсемейка» маҳз ҳамон болишти бехетариест, ки шуморо дар ҳолатҳои душвор ва ғайричашмдошти зиндагӣ, ки метавонанд бо шумо ва аъзои оилаи шумо рӯй диҳанд, дастгирӣ мекунад.
Бо ин маҳсулот шумо ҳамсар ва ҳамаи кӯдаконатонро бо ҳифзи суғуртавӣ таъмин менамоед.

Хавфҳои суғуртавӣ:

  • Ҷароҳати ҷисмонӣ
  • Маъюбӣ
  • Аз ҳаёт гузаштан

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

  • Бо як полис ҳамсар ва ҳамаи фарзандонатон ҳимоя карда мешавад.

ТАВАҶҶУҲ! Пардохти суғуртавӣ танҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш амалӣ карда мешавад. 

Арзиши суғурта – 365 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 30 000 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

 ТЕЛОХРАНИТЕЛЬ +

Ин як варианти беназир ва фоиданок дар ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад. Бемориҳо, ҳодисаҳои нохуш, марг аз мо вобаста нестанд ва мо танҳо метавонем худро аз ҷиҳати молиявӣ ҳифз намоем ва хароҷотро бо суғурта рӯйпӯш намоем.

Хавфҳои суғуртавӣ:

•             Ёрии тиббии таъҷилӣ

•             Ёрии амбулаторию дармонгоҳӣ

•             Табобати статсионарӣ

•             Таъминоти доруворӣ

•             Стоматология

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

•             Пардохти табобати шумо дар беморхона, инчунин пардохти хароҷоти дорухона!

ТАВАҶҶУҲ! Пардохти суғуртавӣ танҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш амалӣ карда мешавад.

Арзиши суғурта – 200 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 10 000 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

Салом, Сосед!

Дар хонаи шумо гармидиҳӣ гузарониданд? Оё боварӣ доред, ки қубурҳои Шумо ё қубурҳои ҳамсояҳои мӯҳтарами Шумо обро намебароранд? Пас, мо низ боварӣ надорем, ки шуморо зери об нахоҳанд гузошт. Аммо, мо як полиси суғуртавиро баровардем, ки ба шумо барои ҷуброни хароҷоти таъмири хонаи Шумо дар сурати обрезӣ ё сӯхтор дар он; пардохт барои хариди техника ё амволи нав ҳангоми ғоратгарӣ; ҷуброни зарар ба ҳамсоягон дар ҳолати хориҷшавии об ё дудолудшавӣ кӯмак хоҳад кард!

Суғурта карда мешавад:

  • Ороиши бинои истиқоматӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот
  • Асбобҳои маишӣ, аудио- ва видеотехника, мебел
  • Масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҳамсоягон

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

  • Зарарҳои расонидашуда ба ҳамсоя ҷуброн карда мешавад
  • Агар бо амволи шумо ҳеҷ чиз рӯй надиҳад, Ташкилоти суғуртавии «Бима» ба шумо 100 сомонӣ бармегардонад!

Арзиши суғурта – 365 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 30 000 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

Хавлии Ман!

«Ҳавлии ман» — дар сурати зарар ба хонаи шахсӣ (ҳавли) дар натиҷаи рӯйдодҳои зерин дастгирии боэътимоди молиявӣ мебошад:

  • Оташ
  • Зарбаи барқ
  • Таркиш
  • Офатҳои табиӣ
  • Амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм
  • Суқути ҳавопаймо ва қисмҳои онҳо
  • Афтидани ашёи бегона
  • Шикасти шиша
  • Дуд

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

  • Агар бо амволи шумо ҳеҷ чиз рӯй надиҳад, Ташкилоти суғуртавии «Бима» ба шумо 100 сомонӣ бармегардонад!
  • Пардохти соддакардашуда то 2.000 сомонӣ

 

Арзиши суғурта – 365 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 20 000 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

Без паники!

Агар Шумо каме нигаронӣ аз он дошта бошед, ки дар ташкилоте, ки Шумо онҷо кор мекунед, ихтисорҳо рух медиҳанд, пас мо ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки полиси суғуртаи «Без Паники!»-ро соҳиб шавед!
Ин ҳамчун болишти бехатариест, ки ба шарофати он Шумо метавонед хароҷоти ҳаррӯзаи худро тавассути пардохтҳои суғуртавӣ дар сурати аз кор ронда шуданатон рӯйпӯш намоед.

Хавфҳои суғуртавӣ:  

  • Барҳамхурии корхона
  • Ихтисоркунии штати Ташкилот
  • Пеш аз мӯҳлат аз кор озод кардан
  • Бекоргардонии шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

Мо маҳсулотро беҳтар намудем:

  • Пардохти давраи корёбӣ дар давоми ду моҳ
  • Агар дар давоми сол Шумо ҷойи корро аз даст надодед, Ташкилоти суғуртавии «БИМА» ба Шумо 100 сомонӣ бармегардонад!

Арзиши суғурта – 365 сомони

Маблағи суғуртавӣ – 4 000 сомони

Муҳлати суғурта – 12 моҳ

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок