8 января 2026
Бонки Имон Интернешнл дар мусоҳиба бо Азия-Плюс дар бораи трансформатсия, имкониятҳои нав ва стратегияи рушди худ нақл кард.
Аз ташкилоти молиявии хурд то бонк: назар аз дохил
«Ташаккур барои эътимод» — бо чунин суханон Раиси Раёсати Бонки Имон Интернешнл Ҷорҷио Парола мусоҳибаи худро дар Радиои Азия-Плюс оғоз намуд.
Дар ҷараёни эфир марҳилаҳои асосии трансформатсияи ташкилот — аз ташкилоти молиявии хурд ба бонки комилҳуқуқ — ва инчунин имкониятҳои нав барои мизоҷон ва шарикон баррасӣ гардиданд.
Ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус дода шуд:
- гирифтани иҷозатномаи бонкӣ ҳамчун қадами муҳими стратегӣ;
- паст намудани меъёрҳои фоизӣ, аз ҷумла пешниҳоди махсус то –8%;
- рушди даста ва ҷорӣ намудани маҳсулоти муосири рақамӣ.
Ҷорҷио Парола мутахассиси байналмилалии соҳаи молия буда, аслан аз Италия мебошад ва таҷрибаи васеи кор дар кишварҳои гуногун дорад. Ӯ яке аз ислоҳотгарони асосии Бонки Имон Интернешнл буда, дар ташаккули стратегияи он нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин дар суҳбат Хосиятхон Соҳибназар иштирок намуда, дар бораи нақши технологияҳои рақамӣ ва маркетинг дар тағйир додани хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар намудани таҷрибаи мизоҷон сухан гуфт.
Дар мусоҳиба натиҷаҳои сол ҷамъбаст шуда, роҳ ба сӯи гирифтани иҷозатномаи бонкӣ ва инчунин самтҳои афзалиятноки рушди оянда баррасӣ гардиданд.
Берун аз мавзуъҳои корӣ, Ҷорҷио Парола таассуроти худро дар бораи Тоҷикистон баён намуда, сатҳи баланди амният, тозагии шаҳрҳо ва меҳрубонии мардумро махсус таъкид кард. Ҳамчунин ӯ сифати меваҳои маҳаллиро баланд арзёбӣ намуд.
Таърихи зиёда аз 25-солаи Бонки Имон Интернешнл танҳо рақам нест, балки роҳи пур аз эътимод мебошад, ки бар арзишҳои асосӣ — эҳтиром, ростқавлӣ, садоқат ва шарикӣ — бунёд ёфтааст.
Имрӯз Бонки Имон Интернешнл рушди худро идома дода, таҷрибаи байналмилалӣ, дастаи қавӣ ва технологияҳои муосирро муттаҳид месозад.
Бонк — ин танҳо рақамҳо нест, ин одамон, арзишҳо ва эҳсосот аст.