ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар бозори молиявӣ аз соли 1999 инҷониб фаъолият мебарад , ки кори худро соли 1999 ҳамчун лоиҳаи байналмилалӣ дар доираи барномаи монетизатсия, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии ғайриҳукуматии Mercy Corps, бо дастгирии молиявии Агентии Амрикоӣ оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад, ба роҳ монд. Барои шиносоӣ бо таърихи Ташкилот истинодро пахш кунед
Шумо метавонед бо Роҳбарияти Ташкилот тавассути пахш кардани истинод шинос шавед.
Шӯрои нозирон- мақоми роҳбарикунанда мебошад, ки манфиатҳои аъзоёнро ифода мекунад ва назорати стратегӣ ва идоракунии Ташкилотро таъмин менамояд. ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" стратегияи рушди Ширкатро, ки муассисон ва саҳмдорон интихоб кардаанд, идома дода, имкониятҳои худро барои расонидани хизматрасонии босифати молиявии кишварамон васеъ менамояд. Барои гирифтани маълумот дар бораи Аъзоёни Шӯрои нозирон, ба истинод гузаред.
Саҳмдорони Ташкилот Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки нидерландии Рушд (FMO), Фонди қарзии хурди ИМОН, Ассотсиатсияи Рушди Иқтисодии Меннонит (MEDA), Pettelaar Effectenbewaarbedrijf N.V. - Triple Jump менеҷери сармояи маблағгузории хурд, Хазинаи «Alternative» (аз ҷониби Mikro Kapital S.a.r.l. идора ва намояндагӣ карда мешавад), Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ). Шумо метавонед маълумоти бештарро дар бораи саҳмдорон бо пахш кардани ин истинод ба даст оред. Зеркашӣ "Муаррифӣ барои сармоягузорон"
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?