Logo
Ба шахсони воқеӣТиҷоратИМОНҒамхорӣ ба ҷомеа
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
ОНЛАЙН-ҚАРЗ
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
Ба шахсони воқеӣ
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
Тиҷорат
Қарзҳо барои тиҷоратТарофаҳоХизматрасониҳои корпоративӣЛоиҳаи маошДастгирии соҳибкорӣ
ИМОН
Дар бораи мо РоҳбариятҲуҷҷатҳоХабарҳо ТендерҳоҶои корҒамхорӣСуроғаҳо
Ғамхорӣ ба ҷомеаОНЛАЙН-ҚАРЗ
Logo

ш. Хуҷанд, 17 мкр, хонаи 2

Соатҳои корӣ

Дш – Ҷм: 09:00 – 18:00

Шб: 09:00 – 13:00

Барои шахсони воқеӣ

  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Интиқоли пулӣ
  • Кортҳо
  • Imonline

Тиҷорат

  • Қарзҳо барои тиҷорат
  • Тарофаҳо
  • Хизматрасониҳои корпоративӣ
  • Лоиҳаи маош
  • Дастгирии соҳибкорӣ

Маълумоти муҳим:

  • Муқовимат ба қаллобӣ
  • Сиёсати зиддикоррупсионӣ
  • Сиёсати махфият

Тамос бо мо:

[email protected]

БМТ: 446001520

Call center: 1122
instagramfacebooktelegramtwitterLinkedIn
Иҷозатномаи БМТ № 0000357
ХабарҳоТавсеаи уфуқҳои ҳамкорӣ: Бонки Имон Интернешнл дар конфронси байналмилалӣ дар Албания

Тавсеаи уфуқҳои ҳамкорӣ: Бонки Имон Интернешнл дар конфронси байналмилалӣ дар Албания

25 мая 2026

Тавсеаи уфуқҳои ҳамкорӣ: Бонки Имон Интернешнл дар конфронси байналмилалӣ дар Албания

Намояндагони Бонки Имон Интернешнл дар 28-умин конфронси солонаи Microfinance Centre (MFC), ки дар шаҳри Дурреси Албания баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар чорабинӣ зиёда аз 400 намояндаи бахши молиявӣ аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сармоягузорони байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, мушовирон ва коршиносони соҳаи маблағгузории устувор иштирок доштанд.

Конфронси MFC яке аз бузургтарин майдонҳои касбӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар самти фарогирии молиявӣ ба шумор меравад. Имсол мавзӯъҳои асосии он ҷалби сармоя, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, трансформатсияи рақамӣ, имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва рушди устувори муассисаҳои молиявӣ буданд.

Дар доираи чорабинӣ намояндагони Бонки Имон Интернешнл бо шарикони байналмилалии амалкунанда, инчунин бо сармоягузорон ва ташкилотҳои молиявии эҳтимолӣ як қатор вохӯриҳо баргузор намуданд. Бо шарикони мавҷуда лоиҳаҳои нав, самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ба музокирот бо сармоягузорони эҳтимолии нав диққати махсус дода шуд. Намояндагони бонк стратегияи рушди Бонки Имон Интернешнл-ро муаррифӣ намуда, дар бораи раванди трансформатсияи ташкилот, дастовардҳои асосии солҳои охир ва дурнамои рушди минбаъда маълумот доданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо имкониятҳои ҷалби маблағгузории иловагиро барои дастгирии рушди бонк ва тавсеаи сандуқи қарзии он баррасӣ намуданд.

«Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои Бонки Имон Интернешнл имкониятҳои навро ҷиҳати ҷалби сармоя ва диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ фароҳам меорад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дастрасии мизоҷонро ба хизматрасониҳои молиявӣ васеъ намуда, ҳаҷми маблағгузории соҳибкоронро афзоиш диҳем ва рушди устувори соҳибкориро дар саросари Тоҷикистон дастгирӣ намоем»— қайд намуд Иноятов Акбарҷон Александрович, Директори тиҷоратӣ ва узви Раёсати Бонки Имон Интернешнл.

Бозгашт