1 октября 2026
Бонки Имон Интернешнл барои саҳми арзанда дар рақамикунонӣ соҳиби ҷоиза гардид
30 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026 таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» баргузор гардид, ки Бонки Имон Интернешнл низ дар он иштирок намуд.
Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, шарикони рушд, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳаро гирди ҳам овард. Дар маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, финтех, бонкдории кушода (Open Banking), низомҳои пардохти фаврӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва таҳкими ҳамкории фаромарзии ниҳодҳои молиявӣ қарор доштанд.
Барои Бонки Имон Интернешнл иштирок дар форум ба самти стратегии рушди бонк мувофиқ аст. Бонк бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаи худ дар бозори молиявӣ самти рақамиро тақвият дода, хизматрасониҳоеро рушд медиҳад, ки истифодаи маҳсулоти бонкиро барои муштариён осонтар, зудтар ва қулайтар мегардонанд.
Дар доираи форум Бонки Имон Интернешнл бо ҷоизаи «Барои саҳми арзанда дар рақамикунонӣ» қадрдонӣ гардид. Ҷоизаро аз номи бонк Азалшо Анварович Тагаев — Муовини Раиси Раёсат / Директор оид ба тиҷорати рақами Бонки Имон Интернешнл қабул намуд.
Ин эътироф махсусан дар марҳилае муҳим аст, ки рушди тиҷорати рақамӣ ба яке аз самтҳои калидии стратегияи бонк табдил ёфтааст — аз такмили каналҳои фосилавии хизматрасонӣ то рушди маҳсулоти рақамӣ ва беҳтар намудани таҷрибаи муштариён.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими форум инчунин қадрдонии Акбарҷон Александрович Иноятов — Директори тиҷорат / Узви Раёсати Бонки Имон Интернешнл бо нишони «Аълочии низоми бонкӣ» гардид.
Акбарджон Иноятов роҳбарест, ки фаъолияти касбии худро дар дохили Бонки Имон Интернешнл рушд дода, беш аз 20 соли фаъолияти худро ба соҳаи молия бахшидааст. Дар паси ин ҷоиза меҳнати чандинсола, рушди пайвастаи касбӣ ва саҳми назаррас дар пешрафти бонк қарор дорад.
Тамоми дастаи Бонки Имон Интернешнл Акбарҷон Иноятовро бо ин ҷоизаи арзанда самимона табрик менамояд. Барои бонк махсусан муҳим аст, ки эътирофи касбиро нафароне соҳиб мешаванд, ки ҳамроҳ бо ширкат рушд карда, тӯли солҳои зиёд дар пешрафти он саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамчунин намояндагони Бонки Имон Интернешнл — Манучеҳр Солиев ва Орифҷон Турдиалиев — барои саҳми арзанда дар рушди низоми қарзию молиявӣ бо дипломҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҷоизаҳои бадастомада эътирофи фаъолияти даста ва самти интихобшудаи рушди бонк мебошанд. Бонки Имон Интернешнл минбаъд низ таҷрибаи андӯхтаи худро бо технологияҳои муосир пайваста, роҳҳои ҳалли рақамиро рушд медиҳад ва сифати хизматрасониро барои муштариён пайваста беҳтар менамояд.