6 марта 2026

Ҳикояи Шаҳло Ватанова намунаи рушди бизнес бо дастгирии Бонки Имон Интернешнл мебошад.
Паси ҳар як бизнеси муваффақ шарики боэътимод меистад. Ҳикояи Шаҳло Ватанова намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна ҳамкории дарозмуддат метавонад ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намояд.
Беш аз 15 сол пеш ӯ роҳи соҳибкории худро ҳамроҳ бо Бонки Имон Интернешнл оғоз намуда, аввал суратҳисобҳо кушод ва баъдан барои рушди истеҳсолот аз қарзҳо истифода бурд.
Имрӯз корхонаи ӯ «Шахлои Ватан» либосҳои махсуси кориро барои соҳаҳои гуногун истеҳсол намуда, ҳамкориро бо Бонки Имон Интернешнл идома медиҳад.
Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки чӣ гуна дастгирӣ ва шарикӣ ба рушди бизнес, мутобиқшавӣ ва расидан ба дастовардҳои нав мусоидат мекунанд.
Дар арафаи 8 март Бонки Имон Интернешнл аз ҳикояҳои заноне нақл мекунад, ки бизнеси худро рушд медиҳанд, ҷойҳои корӣ фароҳам меоранд ва ба иқтисодиёт саҳм мегузоранд.