Logo
Ба шахсони воқеӣТиҷоратИМОНҒамхорӣ ба ҷомеа
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
ОНЛАЙН-ҚАРЗНАСБИ IMONLINE
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
Ба шахсони воқеӣ
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
Тиҷорат
Қарзҳо барои тиҷоратТарофаҳоХизматрасониҳои корпоративӣЛоиҳаи маошДастгирии соҳибкорӣ
ИМОН
Дар бораи мо РоҳбариятҲуҷҷатҳоХабарҳо ТендерҳоҶои корESGСуроғаҳо
Ғамхорӣ ба ҷомеаОНЛАЙН-ҚАРЗНАСБИ IMONLINE
Logo

ш. Хуҷанд, 17 мкр, хонаи 2

Соатҳои корӣ

Дш – Ҷм: 09:00 – 18:00

Шб: 09:00 – 13:00

Барои шахсони воқеӣ

  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Интиқоли пулӣ
  • Кортҳо
  • Imonline

Тиҷорат

  • Қарзҳо барои тиҷорат
  • Тарофаҳо
  • Хизматрасониҳои корпоративӣ
  • Лоиҳаи маош
  • Дастгирии соҳибкорӣ

Маълумоти муҳим:

  • Муқовимат ба қаллобӣ
  • Сиёсати зиддикоррупсионӣ
  • Сиёсати махфият

Тамос бо мо:

info@imon.tj

БМТ: 446001520

Call center: 1122
instagramfacebooktelegramtwitterLinkedIn
Иҷозатномаи БМТ № 0000357
ХабарҳоБонки Имон Интернешнл шарики форуми юбилейии бахши онлайн фуруш ва марктеинги раками

Бонки Имон Интернешнл шарики форуми юбилейии бахши онлайн фуруш ва марктеинги раками

13 сентября 2026

12 сентябр дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалии «Ман» бори даҳум баргузор гардид. Ин вохӯрии юбилейӣ соҳибкорон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони соҳаи эҷодиро ба ҳам овард. Яке аз шарикони чорабинӣ Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ буд.

Дар тӯли даҳ сол форуми «Ман» ба як майдони вохӯрии одамон аз соҳаҳо ва кишварҳои гуногун табдил ёфтааст, ки дар он иштирокчиён таҷрибаи худро мубодила мекунанд ва имкониятҳои нави ҳамкориро пайдо менамоянд. Дар маркази барномаи юбилейӣ ҳикояҳои заноне қарор доштанд, ки соҳибкории худро рушд медиҳанд, ғояҳои худро амалӣ месозанд ва бо намунаи худ дигаронро илҳом мебахшанд.

Чунин ҳикояҳо махсусан арзишманданд, зеро дар паси онҳо роҳи воқеӣ — қадамҳои аввал, қарорҳои қабулшуда, мушкилоти пасисаркарда ва одамоне ҳастанд, ки бо дастгирии худ барои пеш рафтан кумак кардаанд. Дар форум иштирокчиён имкон доштанд ин таҷрибаро бевосита аз худи қаҳрамонон бишнаванд, бо ҳамфикрон шинос шаванд ва нақшаҳои худро бо шахсоне муҳокима кунанд, ки аллакай дар соҳаи мавриди таваҷҷуҳашон фаъолият доранд.

Муошират миёни иштирокчиён низ дар барномаи форум ҷойгоҳи хос дошт. Мубодилаи тамосҳо ва пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки гуфтугӯ пас аз анҷоми форум низ идома ёбад — ин дафъа дар шакли ғояҳо ва лоиҳаҳои муштарак. Маҳз ҳамин имконият вохӯриро ба майдоне барои эҷоди робитаҳои нави касбӣ табдил медиҳад.

Дастгирии форуми «Ман» ба арзишҳои Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ наздик аст. Мо хуб дарк мекунем, ки барои рушди инсон ва фаъолияти ӯ дастрасӣ ба дониш, боварӣ ба қувваи худ ва имконияти гирифтани дастгирӣ то чӣ андоза муҳим аст. Бонк мекӯшад дар паҳлӯи онҳое бошад, ки барои оянда нақша месозанд ва онҳоро пайваста ба воқеият табдил медиҳанд.

«Барои мо махсусан муҳим аст, ки майдонҳоеро дастгирӣ намоем, ки дар онҳо одамон на танҳо донишҳои нав мегиранд, балки ҳамдигарро пайдо мекунанд — ҳамфикрон, шарикон ва шахсоне, ки метавонанд илҳом бахшанду дастгирӣ намоянд. Форуми “Ман” маҳз чунин фазоро фароҳам меорад. Дар ин ҷо ғояҳо ба вуҷуд меоянд, робитаҳои нав шакл мегиранд ва боварӣ пайдо мешавад, ки қадами навро метавон якҷоя гузошт», — қайд намуд Хосиятхон Тухтаназарова, роҳбари шуъбаи маркетинги рақамии Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ.

Ба нишони сипос барои ҳамкорӣ ташкилкунандагони форум ба Бонки ИМОН ИНТЕРНЕШНАЛ ҷоиза тақдим карданд. Барои мо ин қадрдонӣ аз иштироки Бонк дар чорабиниест, ки аллакай даҳ сол боз одамони фаъол ва ҳадафмандро муттаҳид менамояд.

Ба ташкилкунандагони форуми «Ман» барои эътимод ва имкони қисми ин вохӯрии юбилейӣ шудан изҳори сипос менамоем. Дастаи лоиҳаро бо 10-солагии форум табрик гуфта, ба ҳамаи иштиро

Бозгашт