Logo
Ба шахсони воқеӣТиҷоратИМОНҒамхорӣ ба ҷомеа
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
ОНЛАЙН-ҚАРЗНАСБИ IMONLINE
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
Ба шахсони воқеӣ
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
Тиҷорат
Қарзҳо барои тиҷоратТарофаҳоХизматрасониҳои корпоративӣЛоиҳаи маошДастгирии соҳибкорӣ
ИМОН
Дар бораи мо РоҳбариятҲуҷҷатҳоХабарҳо ТендерҳоҶои корESGСуроғаҳо
Ғамхорӣ ба ҷомеаОНЛАЙН-ҚАРЗНАСБИ IMONLINE
Logo

ш. Хуҷанд, 17 мкр, хонаи 2

Соатҳои корӣ

Дш – Ҷм: 09:00 – 18:00

Шб: 09:00 – 13:00

Барои шахсони воқеӣ

  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Интиқоли пулӣ
  • Кортҳо
  • Imonline

Тиҷорат

  • Қарзҳо барои тиҷорат
  • Тарофаҳо
  • Хизматрасониҳои корпоративӣ
  • Лоиҳаи маош
  • Дастгирии соҳибкорӣ

Маълумоти муҳим:

  • Муқовимат ба қаллобӣ
  • Сиёсати зиддикоррупсионӣ
  • Сиёсати махфият

Тамос бо мо:

info@imon.tj

БМТ: 446001520

Call center: 1122
instagramfacebooktelegramtwitterLinkedIn
Иҷозатномаи БМТ № 0000357
ХабарҳоImonLine нав шуд: имкониятҳои бештар ва кешбэк то 10%

ImonLine нав шуд: имкониятҳои бештар ва кешбэк то 10%

21 октября 2026

ImonLine нав шуд: имкониятҳои бештар ва кешбэк то 10%

Бонки «Имон Интернешнл» барномаи мобилии ImonLine-ро нав кард, то идора кардани маблағҳо боз ҳам бехатар ва судмандтар гардад. Акнун корбарон барои ҳалли масъалаҳои молиявии ҳаррӯза имкониятҳои нав доранд ва яке аз бартариҳои асосии барноми кешбэк то 10% мебошад.

Боз ҳам қулайтар. Боз ҳам боэътимодтар. Имкониятҳои бештар.

Имрӯз бонки мобилӣ бояд барои ҳалли масъалаҳои молиявии ҳаррӯза кумак кунад, вақтро сарфа намояд ва аз амалиётҳои маъмулӣ фоидаи бештар диҳад.

Аз ҳамин сабаб, ImonLine — ёвари молиявии шумо — имкониятҳои гуногуни молиявиро дар як смартфон муттаҳид мекунад. Навсозии барнома барои боз ҳам қулай, функсионалӣ ва бехатар гардондани истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ равона шудааст. Корбарон метавонанд маблағҳои худро ба таври рақамӣ, бе амалҳои зиёдатӣ ва бо сарфаи вақт идора кунанд.

ImonLine имкониятҳоеро муттаҳид мекунад, ки идора кардани маблағҳоро қулайтар ва фаҳмотар месозанд.

Маблағҳои худро назорат кунед. Таҳлили муфассал ва фаҳмо имкон медиҳад, ки амалиётҳои молиявии худро пайгирӣ кунед, хароҷотатонро беҳтар дарк намоед ва дар бораи ҳаракати маблағҳои худ маълумоти пурратар ба даст оред.

Imon Studio-ро мувофиқи хоҳиши худ танзим кунед. Бо ёрии Imon Studio барномаро ба завқ ва ниёзҳои худ мутобиқ созед, то аз хизматрасониҳои бонкӣ ба тарзи барои шумо қулай истифода баред.

Ҳамаи ҳисобҳо дар бахши «Бонки ман». Ҳисобҳои худро дар як ҷо бинед ва онҳоро бе гузаштан аз як бахши барнома ба бахши дигар идора кунед.

Барои гирифтани қарз онлайн дархост пешниҳод кунед. Акнун метавонед қадами аввалро барои расидан ба ҳадафи муҳими молиявии худ мустақиман дар барнома гузошта, дархост ирсол намоед.

Амалиётҳоро зудтар анҷом диҳед. Барои пардохтҳои қулай аз QR-коди шахсии худ истифода баред. Ҳамчунин, рақами телефон ё рақами кортро фавран скан кунед, то ворид кардани маълумот осонтар ва вақт сарфа шавад.

Ҳамин тавр, ImonLine ба фазои ягона барои амалиётҳои молиявии ҳаррӯза, пасандозгузорӣ ва банақшагирии хароҷоти оянда табдил меёбад.

Маблағҳои худро идора кунед ва фоидаи бештар ба даст оред

Яке аз бартариҳои асосии ImonLine имконияти гирифтани кешбэк то 10% мебошад.

Ин имконияти иловагӣ имкон медиҳад, ки як қисми маблағи сарфшуда баргардонида шавад. Ҳангоми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тавассути ImonLine метавонед то 10% кешбэк гиред. Инчунин, ҳангоми пардохти хароҷоти ҳаррӯза ва анҷом додани пардохтҳо тавассути QR-код дар ImonLine 3% кешбэк ба даст оред.

Дар натиҷа, истифодаи замима на танҳо осонтар, балки судмандтар низ мешавад: масъалаҳои молиявии ҳаррӯза дар як ҷо ҳал мешаванд ва пардохтҳои маъмулӣ метавонанд фоидаи иловагӣ оваранд.

Навсозии ImonLine қадами дигарест барои боз ҳам қулай ва дастрас гардондани хизматрасониҳои бонкӣ. Мо минбаъд низ ба ниёзҳои корбарон таваҷҷуҳ карда, барномаро рушд медиҳем ва роҳҳалҳои наверо ҷорӣ мекунем, ки ҳалли масъалаҳои молиявии ҳаррӯзаро боз ҳам осонтар месозанд.

ImonLine-ро навсозӣ кунед, имкониятҳои навро кашф намоед ва то 10% кешбэк гиред. Идоракунии қулайтари маблағҳо — фоидаи бештар дар зиндагии ҳаррӯза.

Бозгашт