Logo
Ба шахсони воқеӣТиҷоратИМОНҒамхорӣ ба ҷомеа
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
ОНЛАЙН-ҚАРЗ
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
Ба шахсони воқеӣ
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
Тиҷорат
Қарзҳо барои тиҷоратТарофаҳоХизматрасониҳои корпоративӣЛоиҳаи маошДастгирии соҳибкорӣ
ИМОН
Дар бораи мо РоҳбариятҲуҷҷатҳоХабарҳо ТендерҳоҶои корҒамхорӣСуроғаҳо
Ғамхорӣ ба ҷомеаОНЛАЙН-ҚАРЗ
Logo

ш. Хуҷанд, 17 мкр, хонаи 2

Соатҳои корӣ

Дш – Ҷм: 09:00 – 18:00

Шб: 09:00 – 13:00

Барои шахсони воқеӣ

  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Интиқоли пулӣ
  • Кортҳо
  • Imonline

Тиҷорат

  • Қарзҳо барои тиҷорат
  • Тарофаҳо
  • Хизматрасониҳои корпоративӣ
  • Лоиҳаи маош
  • Дастгирии соҳибкорӣ

Маълумоти муҳим:

  • Муқовимат ба қаллобӣ
  • Сиёсати зиддикоррупсионӣ
  • Сиёсати махфият

Тамос бо мо:

[email protected]

БМТ: 446001520

Call center: 1122
instagramfacebooktelegramtwitterLinkedIn
Иҷозатномаи БМТ № 0000357
ХабарҳоПасандози онлайн: идоракунии пасандозҳои худ акнун боз ҳам осонтар аст.

Пасандози онлайн: идоракунии пасандозҳои худ акнун боз ҳам осонтар аст.

11 июня 2026

Пасандози онлайн: идоракунии пасандозҳои худ акнун боз ҳам осонтар аст.

Кушодани пасандоз дар чанд дақиқа, бе ташриф ба филиал ва бе ҳуҷҷатҳои коғазӣ — хизматрасоние, ки то чанде пеш ҳамчун имконияти иловагӣ арзёбӣ мешуд, имрӯз ба меъёри нави хизматрасонии бонкӣ табдил ёфтааст.

Бонки Имон Интернешнл пасандози онлайнро роҳандозӣ намуд — маҳсулоти нави рақамие, ки ба муштариён имкон медиҳад пасандозҳои худро пурра фосилавӣ тавассути замимаи мобилии Imonline кушоянд.

Акнун муштариён метавонанд дар чанд дақиқа пасандоз кушоянд: шартҳои мувофиқро интихоб намоянд, пасандозро расмӣ гардонанд ва баъдан маблағҳои худро дар ҳар вақти муносиб ба таври онлайн идора кунанд.

Роҳандозии пасандози онлайн қадами навбатӣ дар рушди экосистемаи рақамии бонк мебошад. Имрӯз тавассути Imonline ба муштариён аллакай хизматрасониҳои пардохт, интиқоли маблағ, мубодилаи асъор ва идоракунии ҳисобҳо дастрас мебошанд. Ҳамзамон, бонк рушди фаъоли замимаро идома дода, дар ояндаи наздик версияи комилан навшудаи Imonline-ро бо интерфейси муосир ва имкониятҳои васеъ пешкаши муштариён хоҳад кард.

Хизматрасонии нав қисми барномаи васеи табдили Бонки Имон Интернешнл мебошад, ки пас аз гирифтани иҷозатномаи бонкӣ дар охири соли 2025 марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Пас аз тай намудани роҳи 25-солаи рушд ва соҳиб шудан ба мақоми бонк, ташкилот диққати худро ба рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои рақамӣ равона намудааст.

Ба андешаи коршиносони бозори молиявӣ, маҳсулоти пасандозии фосилавӣ хизматрасониҳои бонкиро дастрас­тар намуда, вақти муштариёнро сарфа мекунанд ва ба рушди фарҳанги пасандозгузорӣ мусоидат менамоянд.

«Гирифтани иҷозатномаи бонкӣ барои мо оғози марҳилаи нави рушд гардид. Мо пайваста бонки муосиреро бунёд менамоем, ки дар он ҳарчи бештар хизматрасониҳо барои муштариён ба таври фосилавӣ дастрас мебошанд. Пасандози онлайн боз як қадами муҳим дар самти содда, зуд ва дастрас намудани идоракунии маблағҳои муштариён мебошад», — иброз дошт муовини раиси Раёсати Бонки Имон Интернешнл Тагаев Азалшо Анварович.

Дар Бонки Имон Интернешнл таъкид менамоянд, ки рушди маҳсулоти рақамӣ яке аз самтҳои асосии стратегия боқӣ мемонад. Бонк минбаъд низ имкониятҳои замимаи мобилиро густариш дода, хизматрасониҳои наверо ҷорӣ хоҳад кард, ки ба талаботи муштариёни муосир ҷавобгӯ мебошанд.

Бозгашт