Logo
Ба шахсони воқеӣТиҷоратИМОНҒамхорӣ ба ҷомеа
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
ОНЛАЙН-ҚАРЗ
Марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳо
Ба шахсони воқеӣ
ҚарзҳоПасандозҳоИнтиқоли пулӣКортҳоImonline
Тиҷорат
Қарзҳо барои тиҷоратТарофаҳоХизматрасониҳои корпоративӣЛоиҳаи маошДастгирии соҳибкорӣ
ИМОН
Дар бораи мо РоҳбариятҲуҷҷатҳоХабарҳо ТендерҳоҶои корҒамхорӣСуроғаҳо
Ғамхорӣ ба ҷомеаОНЛАЙН-ҚАРЗ
Logo

ш. Хуҷанд, 17 мкр, хонаи 2

Соатҳои корӣ

Дш – Ҷм: 09:00 – 18:00

Шб: 09:00 – 13:00

Барои шахсони воқеӣ

  • Қарзҳо
  • Пасандозҳо
  • Интиқоли пулӣ
  • Кортҳо
  • Imonline

Тиҷорат

  • Қарзҳо барои тиҷорат
  • Тарофаҳо
  • Хизматрасониҳои корпоративӣ
  • Лоиҳаи маош
  • Дастгирии соҳибкорӣ

Маълумоти муҳим:

  • Муқовимат ба қаллобӣ
  • Сиёсати зиддикоррупсионӣ
  • Сиёсати махфият

Тамос бо мо:

[email protected]

БМТ: 446001520

Call center: 1122
instagramfacebooktelegramtwitterLinkedIn
Иҷозатномаи БМТ № 0000357
ХабарҳоМуҳим: Дар бораи низоми нави озмоишии андоз барои соҳибкорон чӣ бояд донист

Муҳим: Дар бораи низоми нави озмоишии андоз барои соҳибкорон чӣ бояд донист

22 мая 2026

Муҳим: Дар бораи низоми нави озмоишии андоз барои соҳибкорон чӣ бояд донист

Дар рӯзҳои охир низоми озмоишии андоз барои соҳибкорон дар ҷомеа фаъолона мавриди баррасӣ қарор дорад. Нуктаҳои муҳимтаринро пешниҳод менамоем.

Интиқолҳои байни шахсони воқеӣ андозбандӣ намешаванд

Интиқоли маблағ ба хешовандон, дӯстон ва барои эҳтиёҷоти шахсӣ ба доираи амали низоми нав дохил намешавад.

Ҳамзамон, агар шахси воқеӣ дар як моҳ аз шахсони гуногун зиёда аз 80 интиқоли маблағ қабул намояд, чунин амалиёт метавонад мавриди таҳлили иловагӣ қарор гирад. Агар муайян карда шавад, ки маблағҳо аз фурӯши мол ё пешниҳоди хизматрасонӣ бе бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ворид мешаванд, нисбат ба чунин фаъолият талаботи қонунгузорӣ татбиқ карда мешаванд.

Низоми нав барои кӣ пешбинӣ шудааст?

Лоиҳаи озмоишӣ танҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо фурӯши мол ва хизматрасонӣ тавассути каналҳои рақамии пардохт амалӣ мегардад, дахл дорад.

Соҳибкорон чӣ бартарӣ мегиранд?

• меъёри андоз аз 6% то 3% коҳиш дода шудааст;

• ҳисобкунии андоз ва ҳисоботдиҳӣ ба таври худкор ташаккул меёбанд;

• пешниҳоди эъломияҳои андоз ба таври дастӣ талаб карда намешавад;

• дар давраи иштирок дар лоиҳа санҷишҳои андоз гузаронида намешаванд;

• маҳдудият оид ба ҳадди ниҳоии даромад амал намекунад;

• харидорон ҳангоми пардохти ғайринақдӣ барои мол ва хизматрасонӣ 1% кешбэк мегиранд.

Сирри бонкӣ ҳифз мешавад

Маълумоти шахсӣ ва иттилоот дар бораи интиқолҳои шахсии шаҳрвандон тибқи қонунгузорӣ ҳифз гардида, барои назорати хароҷоти шахсӣ истифода намешаванд.

Дар бораи лоиҳа

Лоиҳаи озмоишӣ аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Кумитаи андоз амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи он содда намудани пешбурди соҳибкорӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ ба соҳибкорон ва мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ мебошад.

Бонки Имон Интернешнл дар доираи барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ минбаъд низ муштариёнро аз тағйироти муҳими соҳаи молия огоҳ менамояд.

Маълумоти муфассал дар бораи шартҳои лоиҳаи озмоишӣ: www.innovation.tj.

Бозгашт