Эълон!

Эълон!

ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” озмуни “Беҳтарин иншо” дар мавзӯи “Орзуи худро чи тавр амалӣ гардонд? ” бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии пасандоз” эълон менамояд. Шартҳои озмун чунинанд:

Иштирокчиёни озмун:

Озмун байни хонандагони синфҳои 9-11 гузаронида мешавад.

Мӯҳлати гузаронидани озмун:

Озмун аз санаи 25.10.2021 то 01.11.2021 сурат мегирад

Рӯзи охирини пешкаши иншоҳо: 01.11.2021.

Талаботҳои озмун:

Барои иштирок дар озмун корҳое, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯй ҳастанд, қабул карда мешаванд:

1.Ҳаҷми иншо на камтар аз 2 саҳифа.

2.Забони навишти иншо - тоҷикӣ ва русӣ.

3.Мавзӯъи иншо: «Орзуи худро чӣ тавр амалӣ гардонд?»

4.Иншо бояд бо дастнависӣ, хоно навишта шавад.

5.Истифодаи иқтибосҳо ва калимаҳои болдор аз интернет иҷозат дода мешавад, аммо зеркашии иншоҳои таёр дар мавзӯъи дода шуда манъ аст.

6. Ҳангоми ирсол намудани иншоҳо хонандагон бояд ному насаб, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, ҷои зист, ҷои таҳсил ва рақам барои тамосро навишта бошанд.

Тартиби гузаронидани озмун:

Озмун дар ҳама минтақаҳои ҳузури Ташкилот аз 25.10.2021с. то 1.11.2021с. гузаронида мешавад.

Номи ғолибон дар сомонаи мо ва сомонаҳои ичтимоӣ ҷой дода мешаванд.

Мукофотҳо:

Мукофотҳо баъд аз ҷамбасти озмун, дар идорахои марказии филиалҳо супурда мешаванд.

7.Ҷадвали мукофотҳо барои ғолибон.

1 ҷой-1 000 сомонӣ

2 ҷой – 700 сомонӣ

3 ҷой -500 сомонӣ

Маблағи мазкур ба таври кушодани амонати “Фарзанди бомуваффақ” пешниҳод карда мешавад. Амонат ҳадди аққал ба мӯҳлати 1 сол кушода шуда, сертификат давоми 3 моҳ бояд фаъол карда шавад. 

 

 

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ- Дӯсти молиявии Шумо!

 

Хабарҳои дигар





Заказать
звонок