Масъулияти иҷтимоӣ

  • Масъулияти иҷтимоӣ

ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ташкилоти иҷтимоӣ буда, принсипҳои ҳимояи мизоҷонро, ки дар асоси Қонунгузории Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дохилии Ташкилот таҳия шуданд, риоя мекунад. Принсипҳо сатҳи ниҳоии кафолатҳоро аз ҷониби Ташкилот инъикос менамояд, ки мизоҷон ба он ҳуқуқ доранд. Ҳуҷҷати мазкур 7 принсипҳои асосии ҳимояи мизоҷонро дар бар мегирад:

1. Пешгирии қарздории аз ҳад зиёди мизоҷон;

Ҷиҳати мусоидат ба мизоҷони худ дар тақсимоти дурусти маблағҳои онҳо барои ӯҳдадориҳои молиявӣ ва воситаҳои рӯзгордорӣ, ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" тадбирҳои муайянро оиди пешгирии ҳолатҳои қарздории аз ҳад зиёди мизоҷон меандешад, яъне мутаносибии маблағи дархостнамудаи мизоҷро ба даромади ӯ арзёбӣ менамояд. Аз лаҳзаи қабули дархост барои гирифтани қарз аз мизоҷон, тибқи Дастурамали № 255 дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ аз 30 декабри соли 2022 таҳлили муфассали ҳолати молиявӣ-иқтисодии мизоҷон ҷиҳати муайян намудани сатҳи пардохтпазирии онҳо, қобилият ва омодагии мизоҷон оиди баргардонии қарз тибқи шартҳои муқарраршудаи шартнома, инчунин пешгирии хавфи напардохтани қарз анҷом дода мешавад. Ҳамчунин ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ҳамкории дуҷонибаи мизоҷонро бо дигар муассисаҳои молиявӣ тадқиқ ва бақайдгирӣ менамояд, то ки ба таври ниҳоӣ эҳтимолияти қарздории аз ҳад зиёди мизоҷонро коҳиш диҳад.

2. «Шаффофияти» нархгузорӣ;

Дар ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" сиёсат ва равандҳо таҳия шуданд, ки тибқи онҳо таъмини шаффофияти маълумот нисбати шартҳои маҳсулот ва нархгузории он ҳатмӣ мебошад. Маълумот оиди шартҳои қарздиҳӣ ва арзиши хизматрасоние, ки ташкилот пешниҳод менамояд, ба мизоҷон дар шакли содда ва фаҳмо пешниҳод мешавад, ки ба Низомномаи Бонки Миллии Тоҷикистон “Оиди ҳисобкунӣ ва ситонидани фоизи қарз аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои бонкии ғайримолиявӣ ва муассисаҳои молиявии хурд” мутобиқат менамояд, ки дар он ҳисобкунии меъёри фоизи қарз инъикос шуда, ба мизоҷ бояд дар шакли дастрас ва содда фаҳмонида мешавад. Дар Низомномаи №136 «Дар бораи ташкилотҳои қарзии хурд» аз 28 марти соли 2005 банди 5.5 инчунин қайд шудааст, ки ташкилоти қарзӣ бояд маълумотро оиди шартҳои хизматрасонии пешниҳодшуда ифшо намояд, зеро мизоҷи эҳтимолӣ арзиши хизматрасонии қарзиро мустақилон арзёбӣ намуда, муқоиса кунад. Ҷиҳати дастрасии осони мизоҷ ба маълумоти зарурӣ барои арзёбии хизматрасонии гирифташуда, дар тамоми марказҳои хизматрасонии ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" маълумот оиди ҳисобкунии фоизи қарз ҷойгир шудааст. Дар раванди машваратдиҳӣ аз ҷониби мутахассиси тиҷорат низ ба мизоҷ маълумоти мазкур пешниҳод мешавад. Ҷиҳати шаффофияти нархгузорӣ дар Ташкилот шарҳи меъёри фоизи самаранок дар шартномаи қарздиҳии хурд тибқи Низомномаи №136 “Дар бораи ташкилотҳои қарздиҳии хурд” аз 28 марти соли 2005 зикр шудааст.

3. Мутобиқатии усулҳои ситонидани қарз;

Дар сурати қарздории мизоҷ Ташкилот барои ситонидани қарз чораҳои дағалонаро татбиқ наменамояд. Ситонидани қарз тибқи сиёсат ва тартибҳои Ташкилот анҷом дода мешавад. Ҳамчунин ҳангоми додани қарз мутахассисони тиҷорат шартҳои пардохти қарзро ба мизоҷ муфассал шарҳ медиҳанд. Мизоҷон ҳар моҳ дар асоси ҷадвали қарзӣ қарзро пардохт менамоянд. Дар ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" иқдом баҳри ҳимояи мизоҷон анҷом дода мешавад, ки дар раванди он мизоҷон ба пардохти саривақтӣ ва нигоҳдории дурусти расидҳо омӯзонида мешаванд. Дар сурати пайдоиши таъхири пардохти қарз, механизмҳои кор бо мизоҷоне, ки имконияти пардохти қарзро дар мӯҳлат надоштанд, таҳия шудааст. Модоме, ки механизмҳои дохилии ҷамъи қарзҳои батаъхирафтода натиҷаи мусбӣ надиҳад, он гоҳ баҳсҳо байни ташкилоти маблағгузории хурд ва мизоҷони он (шахсони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ) бо тартибе, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №38 “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” аз 17 майи соли 2004 пешбинӣ шудааст, ҳалли худро хоҳад ёфт.

4. Риояи меъёрҳои одоби корӣ;

Дар раванди кор бо мизоҷон кормандони ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" Кодекси одоби корӣ ва Одоби хизматрасонии мизоҷонро, ки аз ҷониби Ташкилот таҳия шудааст, риоя мекунанд. Тибқи ҳуҷҷатҳои мазкур кормандон бояд принсипҳо ва қоидаҳои асосӣ амал намоянд:

1. Қоида ва меъёрҳои маданияти корпоративии ҶСП ТФҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" –ро риоя намоянд;

2. Тамоми кормандони Саридора ва тамоми филиалҳои Ташкилот бояд меъёрҳои одоби кориро дарк ва иҷро намоянд;

3. Дар сурати қабули қарорҳои муҳими стратегӣ ва ҳолатҳои ҳамарӯза бояд тибқи арзишҳо амал намоянд.

5. Тартиби баррасӣ ва қонеъгардонии шикоятҳои мизоҷон;

Дар ҶСП ТАҚҲ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" низоми самараноки қабул ва ҳалли шикоятҳои мизоҷон таҳия шудааст. Низоми мазкур ба таври фаврӣ ва саривақт ба роҳ монда шудааст. Ба мизоҷон оиди ҳуқуқи онҳо пешниҳоди шикоят ва роҳу воситаҳои пешниҳоди он маълумот дода мешавад. тартиби баррасӣ ва қонеъгардонии шикоятҳои мизоҷони Ташкилот ба таври фаврӣ ва саривақт ба роҳ монда шудааст. Шикоятҳое, ки аз ҷониби мизоҷон пешниҳод мешавад, бо тартиби фарӣ аз ҷониби роҳбарият баррасӣ мешавад. Дар ташкилот телефони боварӣ 11-22 фаъолият дорад, ки аз ҷониби шуъбаи маркази тамоси Департаменти Маркетинг хизматрасонӣ карда мешавад. Тамоми шикоятҳои қабулшуда баррасӣ мешавад ва минбаъд чун роҳҳои беҳтаркунии сифати молу хизматрасонӣ татбиқ мешавад.

6. Махфияти маълумот дар бораи мизоҷон;

Ба Шӯрои сарпарастон, аъзоёни Шӯрои Нозирон, роҳбарияти иҷроиявӣ, кормандон ва мутахассисони тиҷорати ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ифшо ё истифодаи ғайриқонунии маълумоти махфиро (маълумоте, ки оиди мизоҷ ба даст оварда шудааст, фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ ва дигар фаъолияти ӯ, оиди шартҳои гирифтани қарз), ки ба он вобаста ба иҷроиши ӯҳдадориҳои худ дастрасӣ доранд, манъ шудааст.

Манъи ифшои маълумот зеринҳоро дар бар мегирад:

Роҳ надодан ба истифодаи маълумоте, ки аз мизоҷон ба манфиати ташкилот ё шахси дигар ба даст оварда шудааст, ба истиснои истифодаи он бо иҷозат ё супориши мизоҷ; ифшо накардани маълумот ба ҷониби сеюм, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Риояи махфият тибқи санадҳои меъёрӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои дохилии танзимкунанда ва шартнома оиди махфият ба роҳ монда мешавад.

Раиси Раёсати ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ҳуқуқ дорад, ки ба ташкили мубодилаи маълумот оиди мизоҷон дар доираи бюрои қарзӣ ва мубодилаи байнибонкии маълумот оиди мизоҷон ва ба роҳ мондани шартҳои мубодилаи мазкур иҷозат диҳад.

Маълумоти умумӣ дар бораи қарзҳо, ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва дигар нишондиҳандаҳо дар нашриётҳо ва ҳисоботҳо аз ҷониби ҶСП ТАҚҲ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» истифода мешавад.

Ифшои маълумот оиди мизоҷ ва истифодаи маълумот дар маводҳои эълонӣ танҳо бо розигии хаттии мизоҷ анҷом дода мешавад.

7. Хусусиятҳои дахлдор ва воситаҳои фурӯш.

Маҳсулот ва хизматрасонии ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ», инчунин воситаҳои фурӯш бо назардошти талабот ва дархости мизоҷон таҳия шудааст. Назорати мутобиқатии маҳсулотҳо, хизматрасонӣ ва воситаҳои таҳвил доимо ба роҳ монда мешавад. Маҳсулот ва воситаҳои фурӯш тибқи сиёсат ва тартибҳои амалкунандаи ташкилот ба мизоҷ зарар намеорад. Ташкилот дорои сиёсат ва раванди ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати пешгирии истифодаи усулҳои таҷовузкоронаи фурӯш ва имзои маҷбурии шартномаҳо мебошад.

 





Заказать
звонок