Моҳи гузашта маросими ботантанаи ба имзорасонии Созишномаи ҳамкории дуҷониба оид ба кушодани хатти қарзӣ бо ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” баргузор гардид. Созишномаи мазкур аз ҷониби Раиси Раёсати ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф ва Раиси Раёсати ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” Палка Андрей Ярославович ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати дастгирии молиявии соҳибкории хурдтарин, хурд ва миёна, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳарду ташкилот ба ҳисоб меравад саҳмгузор мебошад.
ФҚХ “Фонди бозтамвил” ва ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” тавассути кушодани хатти қарзии мазкур кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дастрасии аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъолро ба хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъмин намоянд. Созишномаи мазкур марҳалаи муҳим дар заминаи бахши бонкдорӣ ва молия маҳсуб ёфта, яке аз равандҳои ҷорие мебошад, ки ба талаботҳои институтҳои молиявии байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Раиси Раёсати ФҚХ “Фонди бозтамвил” Раҳмонзода Шариф қайд намуд, ки Фонд омода аст, ки ҳамкориро бо дигар институтҳои молиявии ватанӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат бо фоизҳои дастрас бо пули миллӣ ба роҳ монад, ва ба ҳамин васила дар таъмини рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Савол доред?
Мехоҳед мо ба Шумо дар муддати кутох занг занем?