Барномаи умумиҷаҳонии озуқа - СММ (Лоиҳа ба итмом расид)

Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ якҷоя бо ТАКХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ба татбиқи лоиҳаи "Озуқаворӣ бар ивази барқарорсозии иншооти истеҳсолӣ" тавассути пешниҳод намудани маблағҳои пулӣ оғоз намуд, тавассути пешниҳоди маблағҳои пулӣ ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ бар ивази кор бар аз болои лоиҳаҳои ҷамъиятӣ. Кӯмаки пулӣ имкон медиҳад, то оилаҳои камбизоат намудҳои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи мавриди ниезро бо салоҳдиди худ харидорӣ намоянд. Тибқи лоиҳа шумораи баҳрабарандагон дар ноҳияҳои Шахритуз ва Ҷ. Балхӣ, ки ба онҳо кӯмаки пулӣ дода мешавад, тақрибан 500 хонавода (2500 нафар) буда, маблағи умумии лоиҳаи мазкур дар 2 ноҳия тақрибан 880,000 сомонӣ барои 4 моҳ аст.

Дар моҳи ноябри соли 2017 ТАҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба татбиқи лоиҳаи мазкур шурӯъ намуд, санаи 21-уми декабри соли 2017 бошад аввал додани маблағҳои пулӣ ба бенефициарҳои лоиҳа дар доираи ин ҳамкорӣ баргузор шуд. Ба 176 бенефициарҳо дар ноҳияи Шаҳритуз, ки аз ҷониби гурӯҳи лоиҳавии Барномаи ҷаҳонии ғизо интихоб шуда буданд, барои иштирок дар корҳои заҳматталаб барои барқарорсозии иншооти истеҳсолӣ, аз қабили барқарор кардани каналҳо ва сохтмони роҳҳо маблағҳои пулӣ гузаронида шуданд. Ҳар як бенефициар ба корти худ 440 сомонӣ гирифт. Ин маблағҳо бо гузашти 25 рӯзи меъерҳои корӣ дар давоми 4 моҳ амалиӣмегарданд. Лоиҳаи мазкур ба ташкили иншооти истеҳсолии оилавӣ ва ҷамоавӣ мусоидат мекунад, ки оқибатҳои таъсироти шокиро коҳиш дода, нисбат ба офатҳои табиӣ устувортар гардонида дар таъмини устувории воситаҳои рӯзгузаронӣ саҳми худро хоҳад гузошт.

Дар баробари ин кӯмак дар шакли пулӣ ба бенефициарҳо имкон медиҳад маблағи худро дар дохили ҷамъият ва барои инкишофи иқтисодиёти маҳаллӣ сарф кунанд. "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" дар айни ҳол ягона ташкилоти амонатии қарзии хурд мебошад, ки лоиҳаи мазкурро БУО СММ дар Тоҷикистон тадбиқ месозад. Оянда дар нақша аст, ки ба 311 бенефициарҳо дар ноҳияи Балхӣ маблағи пулӣ дода шавад. БУО СММ нақша дорад, ки ин лоиҳаро дар 20 ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ гардонад. БУО СММ калонтарин ташкилоти гуманитарӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар саросари ҷаҳон бо гуруснагӣ мубориза мебарад, дар ҳолатҳои фавқулодда бо маводи ғизоӣ таъмин намуда, ба одамон ва ҷамоатҳо барои беҳтар намудани ғизо ва устувор намудани таҳаммули фишорӣ кӯмак мерасонад. БУО СММ дар кишвар аз соли 1993 тавассути чор шӯъбаҳои минтақавӣ (дар Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Ғарм ва Хоруғ) ва идорааш дар Душанбе фаъолият мебарад.

 

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок