КЛИМАДАПТ ( Лоиҳа ба итмом расид)

БАТР имконияти амали кардани ташаббусхои пилотиро барои дастгирии сармоягузориҳои бахши хусуси дар технологияҳо, ки ба тағийрёбии иқлими Тоҷикистон муқовимат мекунад, дида мебарояд. Моҳи январи соли 2016-ум ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШЕНЛ» якҷоя бо БАТР оид ба амалисозии лоиҳаи «Мутобиқшавӣ ба иқлим», созишномаро ба имзо расонд. Ташаббуси мазкур барои кушодани самтҳои нави системаи маблағгузорӣ вобаста ба чораҷӯии қобилияти муқовимати ширкатҳои кишвар ба тағйирёбии иқлими ҷумҳури равона шудааст, ки дар назди таъсири тағйироти иқлим хеле суст мебошад. Ба сохторҳои хусусии Тоҷикистон зарур аст, ки баҳри мустаҳкам кардани муқовимат ба иқлими мавҷуда чораҳои фаврӣ андешанд. Он ҳам барои ташаккули устувории дарозмуддати тағйирёбии иқлим ба воситаи қобилияти мутобиқ шудан ба шароити иқлими кишвар аст. Лоиҳа барои паҳн намудани иттилоъ ва кӯмак расонидан ба қарзгирандагон мусоидат хоҳад кард, ки онҳо бевосита як ҷузъи барномаи кӯмакрасони БАТР мегарданд. Ғайр аз лоиҳаи мазкур барои мустаҳкам намудани фаъолияти таъминкунандагони маҳаллии технологияҳо ва ширкатҳои насбкунандаи таҷҳизот, аз ҷумла барои пешбурди технологияҳои таъсирбахш мусоидат менамояд.

 

ҚАРЗҲОИ/ВОСИТАҲОИ КЛИМАДАПТ

Воситаи мазкур барои сармоягузорӣ ба технологияҳои мавҷуда ва озмоишӣ, ки тавассути таъмингарон ва насбгарони тавсияшуда метавонанд дастрас гарданд ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия, инчунин паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, пешкаш шудаанд.

Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) ба роҳ монда шудааст.

Воситаҳои КЛИМАДАПТ барои соҳибмулкон; хоҷагидорон ва кишоварзон аз он ҷумла ба соҳибкорони бахши хусусӣ дастрас ҳастанд.

Воситаи мазкур танҳо таҳти баҳодиҳи ва тасдиқи гуруҳи КЛИМАДАПТ барои харид ва насби технологияҳо ва таҷҳизотҳои тасдиқшуда дастрас аст.

Руйхати таҳияшавандаи технологияҳои пешаки тасдиқшуда ва руйхати таъмингарон ва насбгарон барои осонтар ва беҳтар дастрас намудани маълумот баҳри ҳалли эҳтиёҷҳои шумо пешкаши шумо гардони шудааст.

Кредитҳо барои технолоияҳои омехтаи тасдиқшудаи нав аз руи меъёрҳои мутобиқшави ба таъғирёбии иқлим баррасӣ мешаванд.

Ёрии техникӣ ва машварати мустақил ба таври ройгон бо мақсади мусоидат ба сармояи шумо ба технологияҳои босифат ва дарёфти ҳалли муносиб пешкаш мегардад.

Илова ба корҳои беҳтарсозии манзили истиқоматӣ, меёрҳои оддие, ки барои беҳтар гардонидани шароити зист метавонанд дар доираи КЛИМАДАПТ маблағгузорӣ шаванд:

Ба соҳибмулкон:

  • Гармкунонии деворҳо ва бом;
  • Иваз намудани тирезаҳо, дарҳо ва балконҳо;
  • Насби термостат ба баттареяҳои обӣ (радиаторҳо);
  • Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
  • Иваз намудани фурӯзонакҳо;
  • Иваз намудани қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва ғайраҳо;
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон.
  • Ба кишоварзон:Насби системаҳои обёрӣ ва назорати обёрӣ;
  • Ташкили боғҳои мевагӣ ва ниҳолхонаҳо;
  • Рушди технология коркарди (шудгори) минималӣ ё сифрии замин;
  • Истифодаи биомасса дар системаҳои гармдиҳӣ барои гармхонаҳо ва фермаҳо;
  • Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва системаҳои тақсимкунии об дар биноҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ;
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
  • Татбиқи чораҳои камкунии истифолаи энергия тавассути гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо, системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.
  • Ба соҳибкорон:Замонавикунонии (модернизасияи) таҷҳизоти истеҳсолӣ;
  • Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
  • Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва системаҳои тақсимкунии об;
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
  • Татбиқи чораҳои камкунии истифодаи энергия тавассути гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо, системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.

Лоиҳаҳо бояд ба муқаррароти дахлдори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муҳити зист, масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва бехатарӣ мутобиқат кунанд.

Манфиатҳои сармоягузории КЛИМАДАПТ:

  • Шароити беҳтари зиндагӣ;
  • Гармӣ ва комфорти беҳтар;
  • Истифодаи самараноки об ва энергия;
  • Хароҷоти камтар;
  • Арзиши бештари хоҷагии деҳқонӣ;
  • Таъминоти беҳтари об бо лӯлаҳо ва обкашакҳои нав;
  • Тандурустӣ ва некӯаҳволии беҳтар;
  • Идоракунии беҳтари замин;
  • Сифат ва идорашавандагии беҳтар;
  • Рақобатпазирии баланд;
  • Технология ва таҷҳизоти муосир, ки боиси иқтидори баланди маҳсулнокӣ мегарданд;
  • Биноҳои такмилёфтаи хоҷагӣ тавассути гармкунонии бино ва насби таҷҳизоти замонавии истифодаи самараноки энергия.

 

Чи тавр бояд ариза дод:

 

  • Ба мо занг занед 92 771 11 22 (рақамҳои кол сентр) ва мутахасиси мо барои пур кардани дархост ва интихоби технология ва таъмингар ба шумо кумак мекунад

 

Шарт ва шароитҳо:

 

КЛИМАДАПТ Қарзи сабз «Баҳористон»

Мусоидат баҳри беҳтар намудани муҳити зисти қисми аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бо роҳи маблағгузорӣ ва пешниҳоди маслиҳатҳои ройгони муҳандисони касбӣ.

  • Маблағи қарз: аз 500 то 35 000 сомонӣ
  • Мӯҳлати қарз: то 24 (бисту чор) моҳ

 

КЛИМАДАПТ Қарзи "Рушди замон"

Пешниҳоди дастрасии бардавом (устувор) ба қарзҳои гуногунмақсад, ки ба талаботҳои лоиҳаҳои "КЛИМАДАПТ" ва "Тиҷоратикунонии хоҷагии қишлоқ" ҷавобгӯ мебошанд барои доираи васеи қисми фаъоли аҳолӣ.

  • Маблағи қарз: аз 500 то 500 000 сомонӣ
  • Мӯҳлати қарз: то 36 (сию шаш) моҳ

Қарзи "Замина"

Васеъ намудани воситаҳои гардиш, харидан ва модернизасияи воситаҳои асосӣ, васеъ намудани масоҳати истеҳсолот, пешниҳоди қарз барои пардохт намудани қарзҳои ҷории барои рушди тиҷорат гирифта дар дигар бонкҳо/ТМ ва барои сохтмон/харидани амволи ғайриманкули тиҷоратӣ ва манзили зист (манзили зист танҳо барои шахсони воқеӣ).

  • Маблағи қарз: аз 50 001 то 500 000 сомонӣ
  • Мӯҳлати қарз: то 60 (шаст) моҳ

Дастгирӣ мешавад: Маблағгузорӣ мешавад: Маблағгузорӣ мешавад:

 

 

 

 

 

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»

Информация

МДО «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - один из крупнейших лидирующих финансовых институтов Таджикистана, имеющий сеть из 127 представительств и функционирующий на рынке микрофинансирования вот уже 24 год. Разветвленная филиальная сеть компании включает в себя 27 филиалов и 100 центра микро-финансового обслуживания в городах и районах Республики Таджикистан. 7 января 2013 г. «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» получил лицензию Национального Банка Республики Таджикистан на осуществление банковских операций в рамках Микрокредитной Депозитной Организации.

День приема граждан со стороны Председатель правления Палка А.Я.: Пятница: с 09:00 до 12:00
День приёма граждан со стороны директоров филиалов: Пятница с 09:00 до 12:00




Заказать
звонок