Мо бо дастовардҳоямон иктифо намекунем! ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар рейтинги ҷаҳонӣ эътироф гардид!
Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ширкат, агентии нуфузшиносии MFR ба ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» рейтинги институтсионалӣ дар сатҳи α-ро дод.
Баҳодиҳии мазкур ба сатҳи хуби идоракунии корпоративӣ, идоракунии хавфҳо ва системаи назорати дохилӣ, кифоягии сармоя, инчунин сатҳи пасти дучоршавӣ ба хавфи пардохтпазирӣ ва хавфҳои бозорӣ вобаста аст.
Рейтинги институтсионалӣ бори аввал ба ширкат дода шуд ва баҳои гирифташуда нишондиҳандаи эътимоднокии он дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад. ИМОН Интернешнл минбаъд низ ба принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият нисбат ба мизоҷон ва шариконаш содиқ мемонад ва мунтазам аз ҷониби созмонҳои мустақил ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда баҳогузорӣ мешавад.
Маълумот дар бораи Агентии нуфузшиносӣ: MFR- агентии рейтингии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар Италия ҷойгир буда, ба сармоягузории фарогир ва устувор тахассус дорад. То моҳи декабри соли 2020, аз ҷониби агентӣ дар 110 кишвари ҷаҳон зиёда аз 2,800 баҳогузорӣ анҷом дода шудааст.
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ - дӯсти молиявии шумост!
У вас есть вопрос?
Хотите, чтобы мы перезвонили вам в кратчайшие сроки?