Шаҳрвандони азиз, ҳангоми гирифтани пули нақд эҳтиёт бошед. Дар муомилот пулҳои қалбакӣ бо арзишҳои 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ва пулҳои «шӯхиомез» бо навиштаҷоти «Билети бонки шӯхиомез» пайдо шудаанд. Ин пулҳои қалбакӣ дорои хусусиятҳои муҳофизатӣ ба монанди аломатҳои обӣ ё риштаҳои муҳофизатӣ нестанд.
Чӣ тавр пулҳои қалбакиро шинохтан мумкин аст:
➡️ Набудани нишонаҳои обӣ.
➡️ Риштаи муҳофизатӣ надоранд.
➡️ Сифати пасти коғаз ва чоп.
➡️ Мавҷудияти навиштаҷоти «Билети бонки шӯхиомез» ё ягон навиштаҷоти дигаре, ки дар пулҳои аслӣ пешбинӣ нашудаанд
Ҳангоми дарёфти пулҳои шубҳанок чӣ бояд кард?
➡️ Дар ин бора фавран ба шӯъбаи наздиктарини Вазорати корҳои дохилӣ ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар диҳед.
Худ ва наздиконатонро эҳтиёт кунед! Бодиққат бошед ва пулҳои гирифтаатонро тафтиш кунед.
Савол доред?
Мехоҳед мо ба Шумо дар муддати кутох занг занем?