IFC ва ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои тиҷорати микро ва хурд дар Тоҷикистонро васеъ мекунанд.

IFC ва ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои тиҷорати микро ва хурд дар Тоҷикистонро васеъ мекунанд.

IFC, ки муодили 5 миллион доллари амрикоӣ бо сомонӣ аст, ба ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ имкон медиҳад, то корхонаҳои хурди тиҷоратиро, ки дар дастрасӣ ба қарзҳо бо пули миллӣ душворӣ кашидаанд, маблағгузорӣ кунад ва рушди минбаъдаи онҳоро пас аз бӯҳрони COVID-19 дастгирӣ намояд. Тибқи иттилои Форум оид ба маблағгузории корхонаҳои  хурду миёна, камбуди маблағгузории корхонаҳои микро, хурд ва миёна дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 450 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 18 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дарбар мегирад. Азбаски дар корхонаҳои хурд сеяки тамоми қувваи корӣ машғул аст, ин монеаи IFC ба ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ, ташкилоти пешбари маблағгузории хурди кишвар, бо пули миллӣ барои зиёд кардани қарздиҳӣ ба  корхонаҳои микро ва  хурд дар Тоҷикистон, ки аз пандемияи COVID-19 осеб дидаанд, маблағгузорӣ пешниҳод мекунад.

Қарзи сесолаи ҷиддӣ дар роҳи рушди бахши хусусӣ мебошад.

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар саросари кишвар дорои шабакаи васеъ буда, зиёда аз 110 000 қарзгирандагони фаъол дорад. Корхонаҳои микро, хурд ва миёна дар ноҳияҳои дурдаст беш аз се ду ҳиссаи базаи мизоҷони ташкилотро ташкил медиҳад. 

«Микробизнес як манбаи асосии даромад барои бахши калидии мардуми Тоҷикистон, бахусус дар деҳот мебошад. Сармоягузории IFC ба мо имкон медиҳад, ки корхонаҳои микро ва хурдро дар саросари кишвар дастгирӣ кунем, ба рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар муҳити душвори иқтисодӣ мусоидат намоем, ки ин ҳам устувории бахшро афзоиш медиҳад”, гуфт Андрей Палка, Раиси Раёсати ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ.

“Сармоягузории IFC пайравии  мо ба тавсеаи дастрасӣ ба молия ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ барои ташкили  ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро нишон медиҳад,-қайд кард Фарух Султонов, Раиси  IFC дар Тоҷикистон. «Таваҷҷуҳи ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба маблағгузории хурд ва таҷрибаи бомуваффақи он бо  мардуми камбизоат ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуда,  ба стратегияи кишварии IFC оид ба Тоҷикистон мувофиқат мекунад».

Лоиҳа як қисми Барномаи «Равзанаи маблағгузории бахши хусусӣ»-и Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд мебошад, ки ба коҳиш додани хатари сармоягузорӣ дар кишварҳои камдаромад мусоидат мекунад. Шарикӣ бо ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ, инчунин як қисми барномаи «Асоси Аҳром»-и IFC мебошад. Барнома, ки  соли 2020 роҳандозӣ шудааст, ба ташкилотҳои қарзӣ дар таъмини маблағгузорӣ ба корхонаҳои  хурд, ғайрирасмӣ ва хоҷагидорони камдаромад, ки аз  таназзули иқтисодӣ бар асари  пандемияи COVID-19 осеб дидаанд, кӯмак мерасонад.

Аз соли 2008 инҷониб IFC ба ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ барои маблағгузории соҳибкорони хурд маблағи умумӣ дар ҳаҷми 17,5 миллион доллари ИМА-ро бо пули миллӣ пешниҳод кардааст.

Саҳмдорони калонтарини ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ Alternative Fund (аз ҷониби Mikro Kapital S.a.r.l. идора ва намояндагӣ мешавад), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Ширкати Молиявии Рушди Нидерланд (FMO), Mennonite Economic Development Associates (MEDA) ва Pettelaar Effectenbewaarbedrijf NV - Triple маҳсуб меёбанд. Ҳамаи ин саҳҳомони маъруфи байналмилалӣ фаъолияти ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ-ро дар бахши қарздиҳӣ ба тиҷорати микро ва хурд дастгирӣ мекунанд. Маълумоти иловагӣ дар бораи ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ: https://www.imon.tj

 

Дар бораи IFC

IFC, ки ба Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ шомил аст, бузургтарин ташкилоти глобалӣ оид ба рушд буда, ба бахши хусусӣ дар бозорҳои рӯ ба тараққӣ нигаронида шудааст. Он дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон фаъолият намуда, сармоя, таҷриба ва нуфузи худро барои ташкили  бозорҳо ва имкониятҳо дар кишварҳои пешрафта истифода мебарад. Дар соли 2021 IFC ба ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои мутараққӣ  бо истифода аз имкониятҳои бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадид ва баланд бардоштани некӯаҳволии умум маблағи рекордӣ 31,5 миллиард доллар ҷудо кард, дар ҳоле ки иқтисодиёт бо таъсири пандемияи COVID-19 мубориза мебарад. Барои маълумоти иловагӣ ба сомонаи www.ifc.org ворид шавед. 


Хабарҳои дигар





Заказать
звонок