Дар озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол 2022 – Қуллаи шӯҳрат», ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид, соҳиби ҷоиза гардидем.
Муваффақияти ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар соҳаи эҷоди бренд аз ҷониби ҳакамони касбӣ аллакай бори чандум баҳогузорӣ карда мешавад. Дар соли 2019 низ Ташкилот барандаи ин ҷоизаи бонуфуз гардида буд.
Маросими супоридани ҷоиза рӯзи 26 апрел дар “Кохи Суруш” бо ширкати вазири рушди иқтисод ва савдо - Завқизода Завқӣ Амин ва як қатор намояндагони баландпоя баргузор шуд.
Ҷоизае, ки дар озмун гирифта шудааст, баҳои баланди бренди мо аз ҷониби мутахассисон мебошад, ки боиси эҳтироми ҷомеаи тиҷоратӣ ва эътимоди истеъмолкунандагон мегардад.
Ҳамин тавр, ҷоиза на танҳо далели эътимоди баланди истеъмолкунандагон ба бренд, балки эътирофи кори ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ дар муҳити касбӣ мебошад.
Савол доред?
Мехоҳед мо ба Шумо дар муддати кутох занг занем?