"Ташкилоти масъули иҷтимоӣ - 2013"

“Mix market” ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ"-ро дар соли 2013 ҳамчун як созмони масъули иҷтимоӣ ва шаффоф эътироф кардааст. Ин ҷоиза ҳар сол ба ташкилотҳои маблағгузории хурд дар асоси ҳисоботдиҳӣ дар бораи ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияташон дода мешавад. Гирифтани чунин ҷоизаи баланд натиҷаи муносибати масъули ташкилот ба рисолати иҷтимоии худ гардид. Акнун, чизи муҳим дар кори ТҚХ на танҳо афзоиши хуб, балки фоидаи иҷтимоиест, ки мизоҷ мегирад. Гузаронидани рейтинги иҷтимоӣ ва аудити иҷтимоӣ, ворид намудани тағирот дар сохтори ташкилӣ, расонидани хизматрасониҳои ғайримолиявӣ ва пешниҳоди қарзҳои мақсадноки иҷтимоӣ - ин тадбирҳое мебошанд, ки ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ" барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худ роҳандозӣ кардааст.

“MIX market”- ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 2002 дафтари марказии он дар Вашингтон, округи Колумбия бо идораҳои минтақавӣ дар Озарбойҷон, Ҳиндустон, Перу ва Сенегал ба қайд гирифта шудааст. 

              





Заказать
звонок